Кумаки Ҷопон ба сохтмони бинои нав дар беморхонаи Балҷувон

Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ, тасмим гирифт, ки соҳаи тандурустиро дар ноҳияи Балҷувон тавассути сохтмони бинои нав дар беморхонаи Марказӣ дастгирӣ намояд. Бино ба иттилои сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон санаи 3-юми феврали соли 2014 Хиройуки Имаҳашӣ, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фотеҳ Аминов, Раиси ноҳияи Балҷувон, […]

ASIA-Plus



Ҳукумати Ҷопон дар чаҳорчӯбаи кӯмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ, тасмим гирифт, ки соҳаи тандурустиро дар ноҳияи Балҷувон тавассути сохтмони бинои нав дар беморхонаи Марказӣ дастгирӣ намояд.

Бино ба иттилои сафоратхонаи Ҷопон дар Тоҷикистон санаи 3-юми феврали соли 2014 Хиройуки Имаҳашӣ, Сафири Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Фотеҳ Аминов, Раиси ноҳияи Балҷувон, созишномаи грантиро роҷеъ ба «Лоиҳаи сохтмони бинои иловагӣ барои беморхонаи Марказии ноҳияи Балҷувон» ба маблағи 113,243 доллари ИМА ба имзо расонанд.

 Беморхонаи Марказии ноҳияи Балҷувон соли 1973 сохта шуда аз давраи таъсисёбӣ муассисаи асосии тиббӣ ба шумор меравад вале новобаста аз ин дар беморхона таҷҳизотҳои тибби ташхисӣ ва асбобҳои тадқиқоти барои муайян кардани навъи бемориҳо намерасанд. Ба ғайр аз ин, норасогии ҷои хоб дар беморхона боиси паст гардидани сифати муолиҷа ва мушкил гаштани фаъолияти табибон мегашт, ки барои таъсис додани шӯъбаҳои нав дар беморхона халал мерасонд.   

Мақсади лоиҳаи мазкур сохтмони бинои иловагӣ мебошад, ки дар оянда ҳамчун бинои шӯъбаи ташхисӣ фаъолият намуда, шароити барҳаво ва тоза барои ёрии таъҷили фароҳам меорад. Бинои навсохта бо ҳуҷраҳои иловагӣ, метавонад иктидори беморхонаи Марказиро барои дастрас намудани табобати босифат ва саривақтӣ таъмин намояд. Ғайр аз он, зиёда аз 10,000 нафар сокинони ноҳияи мазкур ба шароити хуби тиббӣ имконият пайдо менамоянд. Ҳамзамон таҷҳизонидани бинои нав аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назар аст. Ин қадам барои устувор гаштани лоиҳа дар оянда боз хам мусоидат менамояд.

Дастрас будани шароити хуби тиббӣ ба ҳар кас ахамияти хоса дорад. Хадафи аслии Барномаи кӯмакҳои бебозгаштӣ Ҳукумати Ҷопон – таъмин намудани талаботи асосии инсон мебошад, ки дар он имконият барои гирифтани табобати босифат қисмати ҳаётан муҳим мебошад. Ҳукумати Ҷопон барои вусъат бахшидани зиндагии мардуми Тоҷикистон ва таҳкими ҳуқуқҳои аввалиндараҷаи онҳо дар ҷомеа дастгирии худро идома хоҳад дод. 

Кўмакҳои бебозгашти лоиҳаҳои амнияти башарӣ барои бахши аъзами аҳолӣ ба ҳокимиятҳои маҳаллӣ, соҳаҳои маорифу тандурустӣ ва созмонҳои ғайридавлатии мамлакатҳои рӯ ба тараққи расонида мешавад. Ҳукумати Ҷопон аз соли 1996 инҷониб барои бахши аъзами аҳолӣ 307 лоиҳаҳои кумаки башариро ба маблағи умумии  23.9 миллион доллари ИМА дар Тоҷикистон амалӣ намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 77

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.