Оғози парвандаи ҷиноӣ нисбати раҳбарияти КМ «Зарафшон»

Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ директори генералӣ ва директор оид ба масоили молиявии корхонаи муштарак (КМ)-и истеҳсоли тилллои «Зарафшон» – шаҳрвандони Чин Ли Фен ва Лю Даоинро ба рӯйпӯш кардани андозҳо гумонбар медонад. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Агентии зиддифасод, зимни санҷиши молиявӣ муайян карда шудааст, ки шахсони номбаршуда даромади воқеии […]

Аваз Юлдошев



Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ директори генералӣ ва директор оид ба масоили молиявии корхонаи муштарак (КМ)-и истеҳсоли тилллои «Зарафшон» – шаҳрвандони Чин Ли Фен ва Лю Даоинро ба рӯйпӯш кардани андозҳо гумонбар медонад.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Агентии зиддифасод, зимни санҷиши молиявӣ муайян карда шудааст, ки шахсони номбаршуда даромади воқеии корхонаро дар давраи аз соли 2010 то моҳи июли соли 2012 пинҳон нигоҳ доштаанд.

Ҳамин тариқ, дар ин давра дар ҳаҷми 3 млн. 950,4 ҳазор сомонӣ маблаги андоз пардохт нашудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати шаҳрвандони Чин парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтиш идома дорад.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Боҷҳои давлатӣ барои муҳоҷирон дар Русия метавонанд 12 баробар зиёд шаванд

Аз ҷумла, маблағи қабул ба шаҳрвандӣ ё даст кашидан аз он метавонад аз 4,2 ҳазор то 50 ҳазор рубл боло равад.

“Тоскулоҳи бузург”-и Душанбе: кадоме аз ҷудокорон меоянд ва даъвогарони пирӯзӣ кистанд?

Барои Тоҷикистон ин на танҳо оғози мавсим дар хона, балки санҷиш муқобили ҳарифони пурқувват аз Аврупо, Осиё ва фазои пасошӯравӣ хоҳад буд.

Дар Суғд раиси як хоҷагӣ ду ҳамдеҳаашро бо милтиқ парондааст

Ҳарду сокини тирхурда ҷон бохтаанд ва ҷанозаи онҳоро имрӯз ба хок супоридаанд.

Идомаи достони наҷоти духтар аз сӯйи як мактабхон. Раҳматулло қадрдонӣ шуд ва ваъдаи таҳсили ройгон гирифт

Модари ин навраси тоҷик мегӯяд, ифтихор дорад ки чунин фарзанди ҷасуру боирода тарбия кардаву ба воя расонидааст.

Шералӣ Кабир: Имрӯз “Азия-Плюс” садои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва оинаи даврон аст!

Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон “Азия-Плюс”-ро бо солгардаш табрик гуфт.