«Барқи тоҷик»: Моҳҳои наздик тарофаҳои истифодаи барқ тағйир намеёбанд

Зимни нишасти хабарии рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта сардори хадамоти матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ дар робита ба масъалаи нархи истифодаи нерӯи барқ изҳор кард, ки моҳҳои наздик тарофаҳои истифодаи барқ тағйир намеёбанд ва агар дар давоми сол тағйир дода шаванд ҳам, он чандон назаррас нахоҳад буд. Дар ширкат аз тафсилоти бештари ин масъала худдорӣ […]

Пайрав Чоршанбиев



Зимни нишасти хабарии рӯзи чоршанбеи ҳамин ҳафта сардори хадамоти матбуоти ШСХК «Барқи тоҷик» Нозирҷон Ёдгорӣ дар робита ба масъалаи нархи истифодаи нерӯи барқ изҳор кард, ки моҳҳои наздик тарофаҳои истифодаи барқ тағйир намеёбанд ва агар дар давоми сол тағйир дода шаванд ҳам, он чандон назаррас нахоҳад буд.

Дар ширкат аз тафсилоти бештари ин масъала худдорӣ намуда, зикр карданд, ки «ширкати энергохолдингӣ истеҳсолкунандаи барқ аст ва тарофаҳоро бошад, комилан сохторҳои дигар муқаррар мекунанд».

«Ин масъала ба Хадамоти зиддиинҳисорӣ дахл дорад. То ҳанӯз мо дар бораи боло бардоштани тарофаҳо дастур нагирифтаем. Вақте дастури дахлдори ҳукумат дар ин бора ба мо расад, сипас мо метавонем, ки тарофаҳоро афзоиш диҳем», – гуфт муовини раиси ширкат Даврон Давлаталиев.

Бино ба маълумоти ширкати «Барқи тоҷик», айни замон тарофаи миёна ба нерӯи барқ дар саросари кишвар 1,83 сент барои 1 кВт/соатро ташкил медиҳад, ки нишондиҳандаи пасттарин дар паҳнои кишварҳои собиқи шӯравӣ мебошад.

Ёдрас мекунем, ки зимни нишасти хабарии ҳафтаи гузашта вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонов дар ин маврид зикр карда буд, ки соли равон тарофаҳои истифодаи нерӯи барқ дар Тоҷикистон

боз боло мераванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.