Ҳисор: Ҳалокати чор нафар дар садамаи нақлиёт

Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе – Ҳисор 4 нафар ҳалок ва боз 3 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД ҶТ, зимни ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Ҳисор ронандаи 23-солаи автомашинаи «Опел-Вектра» Шуҳратҷон Мирзоев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ мебарояд ва […]



Бар асари садамаи нақлиёт дар роҳи мошингарди Душанбе – Ҳисор 4 нафар ҳалок ва боз 3 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти ВКД ҶТ, зимни ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба самти ноҳияи Ҳисор ронандаи 23-солаи автомашинаи «Опел-Вектра» Шуҳратҷон Мирзоев аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба самти муқобили ҳаракати роҳ мебарояд ва ба автомашинаи тамғаи «Хундай» таҳти идораи Ёқубҷон Шоеви 42-сола бармехӯрад.

«Дар натиҷаи ин бархӯрд ронандаи автомашинаи «Опел Вектра» Ш.Мирзоев, мусофирони ин автомшаина – Диловар Мирзоеву Хушбахт Солиев ва ҳамчунин мусофири автомашинаи «Хундай» Хайриддин Қурбонов ба ҳалокат расидаанд. Боз се нафари дигари иштирокчии ин садама бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба бемористон мунтақил шуданд», – зикр мегардад дар маълумоти ВКД.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.