Президент ба бунёди боғи 3000-солагии Ҳисор оғоз бахшид.

Ахири ҳафтаи сипаришуда Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор ба бунёди боғи Сеҳазорсолагии Ҳисор оғоз бахшид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои иштирок дар шинондани нахустин ниҳолҳои боғи Сеҳазорсолагии Ҳисор, ки дар майдони 3 ҳазор га доман паҳн хоҳад кард, дар мавзеи миёни боғи 15-солагии истиқлоли Тоҷикистон ва деҳаи навбунёди Боғистон чанд […]

ASIA-Plus



Ахири ҳафтаи сипаришуда Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ҳисор ба бунёди боғи Сеҳазорсолагии Ҳисор оғоз бахшид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, барои иштирок дар шинондани нахустин ниҳолҳои боғи Сеҳазорсолагии Ҳисор, ки дар майдони 3 ҳазор га доман паҳн хоҳад кард, дар мавзеи миёни боғи 15-солагии истиқлоли Тоҷикистон ва деҳаи навбунёди Боғистон чанд ҳазор нафар сокинони ноҳияҳои водии Ҳисор ҷамъ омаданд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар мавзеи оғози ниҳолшинонӣ нахуст бо самараи кори хоҷагиҳои ниҳолпарварии ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бевосита шинос шуда, аз дастгирии васеъ пайдо намудани ташаббусҳои худ доир ба ривоҷ додани боғутокпарварӣ ва аз ин ҳисоб афзун намудани қудрати содиротии Тоҷикистон арзи хушнудӣ намуд.

Тавре зикр гардид, рушду нумуи бесобиқаи боғутокпарварӣ дар тамоми гӯшаю канори кишвар натиҷаи иҷрои босамари дастуру ҳидоятҳои дурандешонаи Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аст.

Чунонки иттилоъ доданд, имсол ниҳолпарварони ҷумҳурӣ даҳҳо миллион навниҳоли дарахтони мевадиҳанда, сояафкан ва ороишӣ ба фурӯш баровардаанд. Танҳо аз хоҷагии ҷангали кишвар дар ин мавсим имсола то имрӯз аллакай 1,5 миллион дона навниҳол ба фурӯш рафтааст. Аз гузориши масъулин бармеояд, ки нишондиҳандаҳои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 августи соли 2009 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ доир ба рушди соҳаи боғу токпарварӣ барои солҳои 2010-2014» пеш аз муҳлат ва барзиёд иҷро мегарданд. Хотиррасон бояд намуд, ки тибқи талаботи ин санад бояд дар майдони 50 ҳазор га дар ҷумҳурӣ боғу токзори нав бунёд ёбад.

Ба масъулини соҳа ва роҳбарони хоҷагиҳои ниҳолпарвар дастур дода шуд, ки парвариши ниҳолҳои ангури кишмиш, олуи сиёҳ ва дигар навъҳои содиротии дарахтони мевагиро афзун намоянд.

Сипас Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо ҳазорон нафар дӯстдорони шуғли ниҳолпарварию боғдорӣ нахустин ниҳолҳои боғи нави Сеҳазорсолагии Ҳисорро шинонда, изҳори боварӣ намуданд, ки танҳо аз ҳисоби содироти меваю сабзавоти тару тоза, хушк ва консервашуда ояндаи наздик қудрати содиротии Тоҷикистон хеле афзун гардида, ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё мегардад. Бо дастури Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон боғи Сеҳазорсолагии Ҳисор бояд дар давоми 6 сол дар майдони 3 ҳазор га бунёд ёбад.

Ғайр аз ин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони шаҳру ноҳияҳои водӣ дастур дод, ки дар тамоми мавзеъҳои ба ин кор мувофиқи қадқади қаторкӯҳҳои Ҳисор аз шаҳри Душанбе то шаҳри Турсунзода боғҳои намунавӣ бо дарахтони мевадиҳандаи навъҳои содиротӣ бунёд намоянд. Таъкид гардид, обу хок ва ҳавои ин мавзеъҳо барои боғутокпарварӣ басо мусоиду мувофиқ аст. Ба онҳо, ҳамчунин супориш дода шуд, ки бо истифода аз ҳар рӯзи офтобӣ мардумро ба вусъати киштукори баҳорӣ ва ниҳолшинонию ободонии муҳити зист сафарбар намоянд. Супоришҳои мушаххас ба онҳо, ҳамчунин доир ба бунёди корхонаҳои коркарди меваю сабзавот, дигар корхонаҳои саноатӣ ва муҳайёсозии ҷойҳои корӣ дода шуд.

Аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзеъ, ҳамчунин чанд ниҳоли бузургҷуссаи дарозумри сояафкан шинонда шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ин ҷо бо кӯдакони деҳаи Боғистон ҳам суҳбат намуд. Ошкор гардид, ки мактаби ин деҳаи навбунёд нӯҳсола аст ва хонандагони синфҳои болоӣ барои идомаи таҳсил ба дигар ҷойҳо мераванд. Сарвари давлат ба онҳо мужда расонд, ки ояндаи наздик ин деҳа соҳиби мактаби нави миёна ва ҳам бунгоҳи муосири тиббӣ хоҳад шуд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.