Ҷорӣ шудани ID-кортҳо дар Тоҷикистон мавқуф гузошта шуд

Аз 1-уми март дар Тоҷикистон бояд ба ҷойи шиносномаҳои муқаррарии коғазӣ  ID-корт ё худ кортҳои идентификатсионӣ ҷорӣ мешуд. Ахири моҳи феврал аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буданд, ки додани кортҳо ба ҷойи шиносномаҳои дохилӣ (намунаи соли 1996) дар муҳлати пешнибинишуда оғоз мегардад. Аммо тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, ин […]



Аз 1-уми март дар Тоҷикистон бояд ба ҷойи шиносномаҳои муқаррарии коғазӣ  ID-корт ё худ кортҳои идентификатсионӣ ҷорӣ мешуд.

Ахири моҳи феврал аз Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дода буданд, ки додани кортҳо ба ҷойи шиносномаҳои дохилӣ (намунаи соли 1996) дар муҳлати пешнибинишуда оғоз мегардад. Аммо тибқи маълумоти Вазорати корҳои дохилии ҶТ, ин амал бинобар сабабҳои техникӣ мавқуф гузошта мешавад.

«Яъне агар феълан шаҳрванд ба мизи шиносномадиҳӣ барои дастрас кардани ID-корт ё ивази шиноснома муроҷиат намояд, алҳол чунин имкон мавҷуд нест. Низоми нав рӯзҳои наздик ҷорӣ мешавад», – шарҳ доданд дар ВКД.

Дар Вазорат ҳамчунин зикр карданд, ки арзиши ID-корт 10 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.

Иваз кардани шиносномаҳои маъмулии шаҳрвандони кишвар ба ID карта мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Эмомалӣ Раҳмон  аз 20 сентябри соли 2013 таҳти №1519 «Дар бораи ҷорӣ намудани кортҳои идентификатсионии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои таъмини ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон ҷорӣ  карда шудааст. Инчунин  таъкид гардидааст, ки шиносномаҳои айни замондоштаи  шаҳрвандони кишвар то замони ба поён расидани эътиборашон амал мекунанд.

Мувофиқи  фармони мазкур, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  тибқи созишномаҳои байналмилалӣ кишварҳои хориҷиро низ бояд аз ҷорӣ шудани кортҳои шиносоии шаҳрванди Тоҷикистон дар ҷараён гузорад ва ба хотири таъмини сафарҳои байналмилалии шаҳрвандони Тоҷикистон тамоми тадбирҳоро барои эътирофи ин санад ба сифати ҳуҷҷати байналмилалии ташхискунандаи ҳувияти шахс рӯйи кор оваранд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.