Вазирони мудофиаи Тоҷикистону Чин масоили ҳамкориҳоро баррасӣ карданд

Ахири ҳафтаи гузашта вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо бо вазири мудофиаи Чин генерал-полковник Чан Вансюан, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, гуфтушунид анҷом дод. Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ, низомиву техникӣ, омодакунии кадрҳои афсарӣ барои артиши Тоҷикистон […]

Аваз Юлдошев



Ахири ҳафтаи гузашта вазири мудофиаи Тоҷикистон генерал-лейтенант Шералӣ Мирзо бо вазири мудофиаи Чин генерал-полковник Чан Вансюан, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, гуфтушунид анҷом дод.

Тавре ба «Азия-Плюс» сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев хабар дод, дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаҳои ҳарбӣ, низомиву техникӣ, омодакунии кадрҳои афсарӣ барои артиши Тоҷикистон ва ҳамчунин таъмини амният дар минтақа баррасӣ шуданд.

«Ҷониби Чин нақши Тоҷикистон дар таъмини амният дар минтақа ва ҳамчунин дар бахши мубориза бо терроризмро шоиста арзёбӣ намуда, ҷониби Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар тамринҳои низомии муштараки тобистони соли равон дар Чин ҳатман ширкат хоҳад варзид», – иброз дошт манбаъ.

Чан Вансюан ва Шералӣ Мирзо ҳамчунин бо ҷараёни анҷоми сохтмони Хонаи афсарон дар шаҳри Душанбе, ки бо воситаҳои молиявии Чин бунёд мегардад, аз наздик ошно гардиданд.

Маҳмадалиев хотиррасон намуд, ки сохтмони Хонаи афсарон соли 2012 оғоз гардида, барои бунёди он Чин ба сифати бурс ҳудуди 12 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кард.

Нимаи дуюми имрӯз вазири мудофиаи Чинро президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур мепазирад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.