Баррасии масоили ҳамкориҳои низомӣ миёни Тоҷикистону Русия

Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрӯз дар шаҳри Қайроққум ба кор оғоз мекунад , мулоқоти вазири мудофиаи Тоҷикистону Русия Шералӣ Мирзо ва Сергей Шойгу баргузор мешавад. Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу шоми дирӯз ба Душанбе омад. Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита […]

ASIA-Plus



Дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиаи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай, ки имрӯз дар шаҳри Қайроққум

ба кор оғоз мекунад

, мулоқоти вазири мудофиаи Тоҷикистону Русия Шералӣ Мирзо ва Сергей Шойгу баргузор мешавад. Вазири мудофиаи Русия Сергей Шойгу шоми дирӯз ба Душанбе омад.

Котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар ҷараёни мулоқоти вазирони мудофиаи Тоҷикистону Русия ҷараёни амалисозии асноди қаблан баимзорасида миёни ҷонибҳо оид ба ҳамкорӣ дар бахшҳои низомӣ ва низомиву техникӣ, масъалҳои омодасозии кадрҳои низомӣ барои Тоҷикистон дар макотиби олии низомии Русия, табодули маълумот, тамринҳои зиддитеррористии СҲШ ва дигар масоили низомии мавриди таваҷчуҳи тарафайн баррасӣ мешаванд.

Субҳи рӯзи душанбеи ҳамин ҳафта ҳайати низомии Чин ба Душанбе ташриф овард. Дар

мулоқоти

вазирони мудофиаи Тоҷикистону Чин Шералӣ Мирзо ва Чан Вансюан масъалаҳои таъмини амният баррасӣ шуданд. «Ҷониби Чин нақши Тоҷикистон дар таъмини амният дар минтақа ва ҳамчунин дар бахши мубориза бо терроризмро шоиста арзёбӣ намуда, ҷониби Тоҷикистон изҳор дошт, ки дар тамринҳои низомии муштараки тобистони соли равон дар Чин ҳатман ширкат хоҳад варзид», – иттилоъ дода буд котиби матбуотии Вазорати мудофиаи ҶТ.

Чан Вансюан ва Шералӣ Мирзо ҳамчунин бо ҷараёни анҷоми сохтмони Хонаи афсарон дар шаҳри Душанбе, ки бо воситаҳои молиявии Чин бунёд мегардад, аз наздик ошно гардиданд. Сохтмони Хонаи афсарон соли 2012 оғоз гардида, барои бунёди он Чин ба сифати бурс ҳудуди 12 млн. доллари ИМА маблағ ҷудо кард.

Сипас вазири мудофиаи Чинро Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон

ба ҳузур пазируфт

. Эмомалӣ Раҳмон давлати Чинро «ҳамсояи накӯ, дӯсти содиқ ва шарики боэътимоди Тоҷикистон» номида, аз таҳким ва густариши ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба бо он, аз ҷумла дар самти мубориза бо хатарҳои ҷаҳони муосир мисли терроризму экстремизм истиқбол намуд.

Чан Вансюан ба раёсати Тоҷикистон дар Созмони ҳамкории Шанхай баҳои баланд дода, изҳори боварӣ намуд, ки соли равон барои рушди ҳамкории бисёрпаҳлу дар доираи ин созмон пурсамар хоҳад буд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.