Дар Вахш пас аз як шабонарӯзи боздошт гумонбаршуда ба дуздӣ ба ҳалокат расид

ШВКД-и ноҳияи Вахш пас аз як шабонарӯзи боздошт ҷасади Низомиддин Хомидови 26-соларо, ки дар содир намудани дуздӣ гумонбар буд, ба аҳли хонаводааш супурд. Тавре падари марҳум Ҷунайдуло Хомидов дар сӯҳбат ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дод, фарзанди ӯ шаби аз 30-юм ба 31-уми март бо гумони даст доштан дар дуздӣ боздошт шуд. «Намояндагони ШВКД аллакай субҳ […]

Азия-Плюс



ШВКД-и ноҳияи Вахш пас аз як шабонарӯзи боздошт ҷасади Низомиддин Хомидови 26-соларо, ки дар содир намудани дуздӣ гумонбар буд, ба аҳли хонаводааш супурд.

Тавре падари марҳум Ҷунайдуло Хомидов дар сӯҳбат ба Хабаргузории «Азия-Плюс» иттилоъ дод, фарзанди ӯ шаби аз 30-юм ба 31-уми март бо гумони даст доштан дар дуздӣ боздошт шуд. «Намояндагони ШВКД аллакай субҳ барои гузаронидани амалиёти ҷустуҷӯйӣ ба хона омаданд. Дақиқан фарзанди ман чиро дуздид ман намедонам. Аммо корҳои ҷустуҷӯйиро дар хонаи ман кормандони милиса бе пешниҳоди ягон ҳуҷҷат гузаронданд», – мегӯяд Ҳомидов.

Ба гуфтаи ӯ, ду моҳи охир писараш дар маркази тиббии ноҳия фаъолиятро оғоз карда буду қаблан муҳочири меҳнатӣ буд. «Охирон маротиба шаби аз 31-уми март ба 1-уми апрел ӯро духтур зинда дида буд. Ӯ гуфтааст, ки саломатии Низомиддин хеле бад аст ва бояд ӯро оҷилан ба беморхона баранд…Ӯро куштанду боз то 1-уми апрел ба ман ҷасадашро надоданд. Ман чанд соат дар дами дари ШАКД истодам, лекин ба назди писарам маро иҷозат надоданд», – нақл кард падари фавтида.

Ҷунайдуло Ҳомидов илова кард, ки дар тани фарзандаш нишонаҳои марги иҷборӣ дида мешавад: қабурғаҳояш шикаста, дар пушташ, дастонаш ва гарданаш доғи кабуди латма дида мешавад. «Онҳо мегӯянд, ки фарзанди ман худро бо таҳпӯшаш овехта куштааст. Гӯиё ин корро дар боздоштгоҳи муваққатӣ карда бошад. Оё имкон дорад, ки бо як таҳпӯш одам худро кушад? Ман ин боздоштгоҳи муваққатиро надидаам ва барои ҳамин гуфта ҳам наметавонам, ки оё дар он ҷо имкони худкушӣ вуҷуд дорад ё не. Аммо ҷасади писарам тамоман бараҳна дар долони милисахона буд. Ва дар тамоми баданаш нишонаҳои шиканҷаро дидан мумкин буд. Ду доғи кабуд дар гарданаш нишонаи он аст, ки ӯро буғӣ кардаанд», – нақл кард Ҷунайдуло Ҳомидови 61-сола.

Ба гуфтаи ӯ, номи пурраи нафаронеро, ки дар «куштори фарзандаш» даст доранд, намедонад. Аммо бо боварии комил мегӯяд, ки «дар содир намудани ин ҷиноят» панҷ корманди ШВКД даст доштанд.

Ӯ аллакай бо мактуби расмӣ ба прокуратураи генералӣ муроҷиат карда, аз Шерхон Салимзода баррасии саривақтӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкоронро хостааст. 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.