Ҳалокати 14 нафар бар асари фаромадани ярч дар ҷануб

Лағжиши як теппа дар деҳаи Одинабойи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯробод ба ҳалокати 13 нафар аъзои як оила боис гардид, ки манзили зисти онҳо зери лойқа монд . Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Шӯрообод хабар дод, дар ин деҳа боз 5 манзили зист пурра хароб гардидааст. Дар деҳаи Чордараи ҷамоати Тугараки […]

Турко Дикаев



Лағжиши як теппа дар деҳаи Одинабойи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯробод ба ҳалокати 13 нафар аъзои як оила боис гардид, ки манзили зисти онҳо зери лойқа монд

.

Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ноҳияи Шӯрообод хабар дод, дар ин деҳа боз 5 манзили зист пурра хароб гардидааст.

Дар деҳаи Чордараи ҷамоати Тугараки ноҳияи Восеъ низ духтарчаи 6-сола Муҳаррама Раҳмоналӣ низ зери девори панҷараи селшуста монда, ба ҳалокат расидааст.

Ба иттилои манбаъ, офтаи табиӣ ба дигар деҳот низ зиёни назаррас расонида, вале талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Ёдрас мекунем, ки шаби 12 ба 13 апрели соли равон дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон борони сел ва жола борида, дар натиҷа дар деҳаи Одинабойи ҷамоати деҳоти Саричашмаи ноҳияи Шӯробод

қисми теппа лағжида

, деҳаи мазкурро пахш намуд, ки дар натиҷа як қисми хонаҳои истиқоматӣ зери лой монда, хароб гардиданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.