Тасаллияти Раҳмон дар робита ба марги Габриэл Гарсия Маркес

Адиби маъруфи колумбиягӣ Габриэл Гарсиа Маркес дар синни 87-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин робита президенти Колумбия Хуан Мануэл Сантос дар кишвар се рӯзи мотам эълон кард. Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба талафоти бузург, марги адиби машҳур, доранлаи Ҷоизаи Нобел ва классики адабиёти муосир Габриэл Гарсияи Маркес барқияи тасаллият ирсол намуд. Дар барқияи […]

ASIA-Plus



Адиби маъруфи колумбиягӣ Габриэл Гарсиа Маркес дар синни 87-солагӣ аз олам даргузашт. Дар ин робита президенти Колумбия Хуан Мануэл Сантос дар кишвар се рӯзи мотам эълон кард.

Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба талафоти бузург, марги адиби машҳур, доранлаи Ҷоизаи Нобел ва классики адабиёти муосир Габриэл Гарсияи Маркес барқияи тасаллият ирсол намуд.

Дар барқияи сарвари давлати Тоҷикистон зикр мегардад, ки дар асарҳои адиб ба таври ҳайратомез воқеият ва тахайюлот ба ҳам меоянд. Онҳо гузаштаву имрӯза ва ояндаро ба ҳам васл мекунанд.

«Моҳияти фалсафаи умумиинсонӣ ва ҷаҳонии Маркес дар он ифода меёбад, ки ӯ мудом ба инсон бобати таъиноташ дар сайёраи Замин, башардӯстӣ ва олиҳиматӣ, покии маънавӣ, зарурати зистан дар сулҳу созиш ёдовар мешуд», – омадааст дар барқия.

Габриэл Гарсиа Маркес навиандаи машҳури Колумбия, журналист, ношир ва арбоби сиёсӣ буда, соли 1982 ба ҷоизаи Нобел лар бахши адабиёт шарафёб гардид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.