Густариши ҳамкориҳои Саридораи геология бо ширкати олмонии BGR

Чанде қабл дар Душанбе вохӯрии раҳбарияти Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон бо намояндагони ширкати олмонии BGR – Идораи федеративӣ оид ба илмҳои геология ва маводи ашёи хоми Олмон баргузор шуд. Тавре ба Азия-Плюс» аз Саридораи геологияи ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи рушди ҳамкориҳо дар доираи амалисози лоиҳаи «Захираҳои минералӣ барои рушд дар Тоҷикистон»-ро […]

Заррина Эргашева



Чанде қабл дар Душанбе вохӯрии раҳбарияти Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон бо намояндагони ширкати олмонии BGR – Идораи федеративӣ оид ба илмҳои геология ва маводи ашёи хоми Олмон баргузор шуд.

Тавре ба Азия-Плюс» аз Саридораи геологияи ҶТ хабар доданд, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаи рушди ҳамкориҳо дар доираи амалисози лоиҳаи «Захираҳои минералӣ барои рушд дар Тоҷикистон»-ро баррасӣ намуданд.

Бино ба маълумоти сомонаи ширкати BGR, амалисозии лоиҳа соли 2012 барои се кишвари минтақа – Тоҷикистон, Қазоқистон ва Қирғизистон оғоз гардида, анҷоми он моҳи марти соли 2015 дар назар аст.

«Ҳадаф аз амалисозии лоиҳа бештар фоидаовар кардани соҳаи геология барои кишварҳо буда, дар доираи ин лоиҳа махсус барои Тоҷикистон таҳия ва тартиб додани барномаи махсус оид ба ҳисобу китоби захираҳо пешбинӣ шудааст, ки аллакай миёни мутахассиони соҳа маъруфият касб кард», – гуфтанд дар Саридораи геология.

Дар сомонаи BGR ҳамчунин зикр мегардад, ки баҳри ошкор сохтани конҳои канданиҳои фоиданоки Тоҷикистон, ки аз нигоҳи иқтисодӣ ҷолиб мебошанд, ширкат як маҷмӯи чорабиниҳоро анҷом хоҳад дод, ки дар маркази таваҷҷуҳи сармоягузорони хориҷӣ қарор хоҳанд гирифт.

Қобили зикр аст, ки лоиҳаи «Захираҳои минералӣ барои рушд дар Тоҷикистон» аз ҷониби Ҷамъияти ҳамкории байнулмилалии Олмон (GIZ), German Committee on Eastern European Economic Relations (OA) дастгирӣ шуда, аз номи Вазорати федералии ҳамкории иқтисодӣ ва рушди Олмон (BMZ) амалӣ мешавад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ

Амалиёт тавассути ҳамёнҳои электронӣ андозбандӣ мешавад?

Ин иқдом барои ошкор кардани соҳибкорони бидуни сабтином роҳандозӣ мешавад.

Дар ҳамоиши чоруми об дар Душанбе беш аз 110 ҳайати расмӣ ширкат мекунанд

Дар робита ба омодагиҳо ба Ҳамоиши чоруми байналмилалии “Об барои рушди устувор” дар ВКХ нишаст баргузор шуд.