Даргузашти журналисти варзидаи тоҷик Зайниддин Насриддинов

Яке аз собиқадорони журналистикаи Тоҷикистон, собиқ директори Агентии телеграфии Тоҷикистон (ТоҷикТА) Зайниддин Насриддинов имрӯз дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт. Имрӯз дар масҷиди Сариосиёи пойтахт маросими ҷанозаи ӯ доир гардида, ҷасади ӯ дар оромгоҳи ҳамин маҳалла ба хок супурда мешавад. Зайниддин Насриддинов қариб нисфи ҳаёти худро ба журналистика бахшидааст. Ӯ соли 1930 дар Панҷакент ба […]

ASIA-Plus



Яке аз собиқадорони журналистикаи Тоҷикистон, собиқ директори Агентии телеграфии Тоҷикистон (ТоҷикТА) Зайниддин Насриддинов имрӯз дар синни 84-солагӣ аз олам даргузашт. Имрӯз дар масҷиди Сариосиёи пойтахт маросими ҷанозаи ӯ доир гардида, ҷасади ӯ дар оромгоҳи ҳамин маҳалла ба хок супурда мешавад.

Зайниддин Насриддинов қариб нисфи ҳаёти худро ба журналистика бахшидааст. Ӯ соли 1930 дар Панҷакент ба дунё омада, нахуст омӯзишгоҳи педагогӣ ва сипас Мактаби олии ҳизбии Тошкандро хатм кардааст.

Соли 1951 Насриддинов ба фаъолияти журналистӣ пардохт. Ба ҳайси муҳаррири газетаи «Зарафшон», хабарнигори рӯзномаи ҷумҳуриявии «Тоҷикистони сурх», муовини муҳаррири рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод», муовини мудири шуъбаи Кумитаи Марказии Ҳизби коммунисти Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Аз соли 1969 то соли 1994 вазифаи роҳбарии директори Тоҷикта – феълан Агентии миллии итттилотти «Ховар»-ро ба уҳда дошт.

Зайниддин Насриддинов Корманди шоистаи фарҳанги Тоҷикистон, вакили Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон буда, бо орденҳои «Дӯстии зхалқҳо», «Нишони фахрӣ» ва дигар ҷоизаву мукофотҳо сарфароз гардонида шудааст.

Кормандони Гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» ба хешовандону наздикони Зайниддин Насриддинов изҳори тасаллият намуда, ба онҳо сабри ҷамил металабанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Натиҷагирӣ аз корзори иттилоърасонии “Зиреҳ”, ки наврасонро аз хатарҳои рақамӣ ҳушдор медиҳад

“Зиреҳ” 10 моҳ идома карда, аз ҷониби "Азия-Плюс" дар доираи лоиҳаи “CARAVAN” амалӣ гардид.

Аввалин роҳбари телевизиону қуллапаймои синамову театр. Ёдномаи Обид Ҳомидов

Ӯ роҳбари “Тоҷикфилм”-у Театри Лоҳутӣ ҳам буд ва чанд рӯз пеш 100 – солагиаш таҷлил шуд.

Дар ҳамоиши бахши озуқа ва кишоварзии СММ, ки дар Душанбе идома дорад, кадом масъалаҳо баррасӣ шуд?

Ин ниҳоди байналмилалӣ мегӯяд, "б амнияти озуқаи Осиёи Марказӣ хавфҳои иқлимӣ таҳдид мекунанд”.

Вазорати тандурустӣ гуфт, “ба сокинони Тоҷикистон “хантавирус” таҳдид намекунад”

Бо ин вуҷуд, ин ниҳод ба сокинони кишвар тавсияҳо додааст. Чӣ тавсияҳо, дар ин хабар хонед.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.