Раиси Хатлон аз ҷобаҷогузории кадрҳо дар ноҳияҳо норозӣ аст

Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов зимни қабули сайёри худ рӯзи 19-уми апрел дар ноҳияи Панҷ дар робита ба ҷобаҷогузории кадрҳо дар сохторҳои ноҳиявӣ изҳори норозигӣ кард. «Дар баъзе сохторҳои ноҳиявӣ кадрҳое машғули коранд, ки ба вазифаи ишғолкардаашон мувофиқ нестанд, чанде дар сохторҳои давлатӣ бидуни маълумоти дахлдор кор мекунанд», – иброз дошт ӯ ва мисол овард, […]

Сайраҳмон Назриев



Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов зимни қабули сайёри худ рӯзи 19-уми апрел дар ноҳияи Панҷ дар робита ба ҷобаҷогузории кадрҳо дар сохторҳои ноҳиявӣ изҳори норозигӣ кард.

«Дар баъзе сохторҳои ноҳиявӣ кадрҳое машғули коранд, ки ба вазифаи ишғолкардаашон мувофиқ нестанд, чанде дар сохторҳои давлатӣ бидуни маълумоти дахлдор кор мекунанд», – иброз дошт ӯ ва мисол овард, ки шуъбаи дин ва танзими расму анъана дар вилояти Панҷро байтор роҳбарӣ мекунад.

«Охир дар ин шуъба бояд мутахассис кор кунад, ки аз фалсафаи дин ба хубӣ огоҳ бошад», – таъкид дошт Д.Гулмаҳмадов.

Тибқи мушоҳидаҳои ӯ, дар чанде аз ҷамоатҳои ноҳия мутахассисон бидуни маълумоти олӣ кор мекунанд. «Маълумоти котиби ҷамоат миёнаи техникӣ буда, сармутахассис аттестати маълумоти миёна дорад», – гуфт раиси вилоят ва савол дод, ки «Магар дар ноҳияи кадрҳои дорои маълумоти олӣ каманд?».

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 71

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.