Раиси ҲСДТ: «Ҳамла» ба дафтари кории ҳизб то ҳол тафтиш намешавад

Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бо дархости вохӯрии шахсӣ ба унвони вазири корҳои дохилӣ ва раиси КДАМ Тоҷикистон нома фиристод. Тавре Раҳматилло Зойиров дар ин робита иттилоъ дод, аз замони ҳамлаи як гурӯҳ занон ба дафтари кории ҳизб, ки натанҳо ба баргузории брифинг монеъа эҷод карданд, балки ӯро ба роҳандозии ҷанги нави шаҳрвандӣ дар […]

Мавзуна Абдуллоева



Раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров бо дархости вохӯрии шахсӣ ба унвони вазири корҳои дохилӣ ва раиси КДАМ Тоҷикистон нома фиристод.

Тавре Раҳматилло Зойиров дар ин робита иттилоъ дод, аз замони ҳамлаи як гурӯҳ занон ба дафтари кории ҳизб, ки натанҳо ба баргузории брифинг монеъа эҷод карданд, балки ӯро ба роҳандозии ҷанги нави шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон низ муттаҳам карданд, вақти зиёде сипарӣ шуд, лекин ин ҳодиса то ҳанӯз мавриди тафтиш қарор нагирифта, нисбати қонуншиканон чораҳо андешида нашудаанд.

«Номаро ман рӯзи 16-уми апрел фиристодам, лекин то ҳанӯз посух нагирифтаам. Агар вазири корҳои дохилӣ ва раиси КДАМ маро ба ҳузур пазиранд, ман ҳамчунин дар бораи омодагии ҳизб ба интихоботи парлумонии соли 2015 низ маълумот хоҳам дод», – иброз дошт раиси ҲСДТ.

Ёдрас мекунем, ки санаи 10-уми декабри соли гузашта ба баргузории конфронси матбуотӣ ба Раҳматилло Зойиров дар дафтари кории ҲСДТ дар Душанбе

имкон дода нашуд.

Як гурӯҳи занон ба толори барои конфронси матбуотӣ таъингардида ворид шуда, Р.Зойировро ба кӯшиши ташкили ҷанги нави шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон айбдор намуданд.

Роҳбари ҲСДТ журналистонро барои маълумот додан аз сафараш ба Украина, муддати ду рӯз дар Евромайдон қарор доштану шахсан мушоҳида кардани рӯйдодҳо дар майдони марказии шаҳри Киев гирдиҳам оварда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.