Шаҳрдории Душанбе беҳтарин нозири минтақавии милитсияро муайян кард

Мақомоти шаҳрдории Душанбе аз озмуни моҳи феврали соли гузашта эълоншуда оид ба муайян кардани «Беҳтарин нозири минтақавии сол» натиҷагирӣ кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо қарори комисссияи махсус Муродмад Калонов, подполковники милитсия, сардори минтақаи маъмурии милитсияи №26 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи ВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе беҳтарин нозири минтақавии […]

ASIA-Plus



Мақомоти шаҳрдории Душанбе аз озмуни моҳи феврали соли гузашта эълоншуда оид ба муайян кардани «Беҳтарин нозири минтақавии сол» натиҷагирӣ кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории пойтахт, бо қарори комисссияи махсус Муродмад Калонов, подполковники милитсия, сардори минтақаи маъмурии милитсияи №26 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи ВКД-2 дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе беҳтарин нозири минтақавии милитсияи пойтахт дониста шуд.

«Ба зинаҳои дуюму сеюми озмун Ҳоким Маҳмудов, майори милитсия, сарнозири минтақаи маъмурии милитсияи №7 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи ВКД дар ноҳияи  Шоҳмансур ва Саидмуҳаммад Акобиров, лейтенанти калони милитсия, сарнозири минтақаи маъмурии милитсияи №15 шуъбачаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии шуъбаи ВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе сазовор дониста шуданд», – иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти шаҳрдорӣ.

Ба иттилои манбаъ, ғолибони озмун мутаносибан бо мукофотпулиҳо дар ҳаҷми 15 ҳазор, 12 ҳазор ва 10 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ карда мешаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Агентии инноватсия: интиқоли пули шаҳрвандон тавассути ҳамёнҳои элекронӣ андозбандӣ намешавад

Дар ин ниҳод шарҳ доданд, ки лоиҳаи санҷишӣ ба ошкор кардани ҳолатҳои доимии фаъолияти соҳибкорие, ки ба қайд гирифта нашудааст, равона гардидааст.

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.