Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – 26 апрел дар  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (шаҳри Хуҷанд) муаррифии Барномаи компютерии тафтиши имлои тоҷикӣ барпо мешавад; – 26 апрел дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ва варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд вохӯриҳои давраи сеюми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои – «Истиқлол» (Душанбе) – «Энергетик» (Душанбе) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Далерон» […]

ASIA-Plus



Анонс




– 26


апрел



дар  Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон (шаҳри Хуҷанд) муаррифии Барномаи компютерии тафтиши имлои тоҷикӣ барпо мешавад;


– 26


апрел



дар Варзишгоҳи марказии Душанбе ва варзишгоҳи «20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон»-и шаҳри Хуҷанд вохӯриҳои давраи сеюми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои – «Истиқлол» (Душанбе) – «Энергетик» (Душанбе) ва «Хуҷанд» (Хуҷанд) – «Далерон» (Истаравшан) баргузор мешаванд. Оғози бозиҳо соати 16-00;


– 26-27


апрел



дар Шанхай (Чин) марҳилаи аввали мусобиқоти Ҷоми ҷаҳон оид ба камонварӣ доир мегардад. Тоҷикистонро дар ин мусобиқот қаҳрамони чандинкарати ҷумҳурӣ оид ба ин намуди варзиш Фирӯза Зубайдова намояндагӣ мекунад;


– 27


апрел



дар даври сеюми мусобиқоти Лигаи олии футболи Тоҷикистон дар майдони КМВА-и Вазорати мудофиаи ҶТ вохӯрии дастаҳои КМВА «Помир» (Душанбе) – «Регар- ТадАЗ» (Турсунзода) ва дар варзишгоҳи «Фурудгоҳ»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бозии дастаҳои «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) – «Хайр» (Ваҳдат) баргузор мешавад. Оғози бозиҳо соати 16-00;



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.9214

сомонӣ;


1

евро –

6.8525

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.13


61

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих




26 Апрел


1966

– Дар Тошканд заминларза рух дода, маркази шаҳр хароб гардид.


1986

– Садама дар нерӯгоҳи атомии Чернобил, ки яке аз фалокати мудҳиштарини ҳастаӣ дар олам маҳсуб меёбад.


1935

– Зодрӯзи доктори улуми фарҳангшиносӣ, профессор Маннон Рӯзиев.


1952

– Мавлуди шоир Қувват Давлат.


27 Апрел


1930

– Дар Душанбе нахустин театр-студияи мусиқӣ таъсис дода шуд.


1933

– Ифтитоҳи Китобхонаи марказии илмии Пойгоҳи тоҷикистонии АИ ИҶШС – феълан Китобхонаи марказии илмии АИ Тоҷикистон ба номи И.Ганди.


1992

– Барқарор шудани муносибатҳои дипломатӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея.


1998

– Бар асари боришоти зиёди борони сел ба ҷумҳурӣ зарари зиёд расонида шуд. Беш аз 50 нафар ҳалок шуда, зиёда аз 1000 манзили зист хароб гардид.


2000

– Ҷаласаи нахустини муштараки ҳарду палатаи Маҷлиси Олии ҶТ даъвати дуюм баргузор шуд.


2003

– Дар Душанбе Нишасти сарони кишварҳои узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё (ЕврАзЭС) ба кор оғоз намуд.


2012

— Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон – шаҳри Қӯрғонтеппа пахши барномаҳои радиои «Азия-Плюс» оғоз шуд.


2013

— Шӯрои Федератсия созишнома миёни Русия ва Тоҷикистон дар бораи мақом ва шартҳои ҳузури пойгоҳи низомии Русия дар қаламрави Тоҷикистонро тасдиқ кард. 


1902

– Зодрӯзи Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон Файзулло Исматов.


1950

– Мавлуди мусиқачӣ Шермуҳаммад Ҳабибов.


1964

– Зодрӯзи оҳангсоз Ҷамила Рустамова.


1965

– Мавлуди журналист Гулғунча Саидарабова.



Вазъи обу


ҳ


аво


26-уми апрел


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад, рӯзона бидуни боришот.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +13+18.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, дар водиҳо бидуни боришот, дар баъзе ноҳияҳои доманакӯҳ боришоти начандон зиёд (борон, барф).      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +8+13.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад (дар баландии зиёда аз 3000 метр барф), рӯзона бидуни боришот.       

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +6+11, рӯзона +20+25, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +12+17.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад (дар баландии зиёда аз 2800 метр барф).     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +4+9, рӯзона +12+17;  дар шарқи вилоят шабона -3-8, рӯзона +3+8.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад, рӯзона бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +22+24.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +22+24.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борон меборад, рӯзона бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +23+25.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борон меборад.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +14+16.


 27-уми апрел


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, 28-29/04 борон меборад, раъду барқ.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +5+10, рӯзона +15+20.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, 28-29/04 баъзан боришот, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона 0+5, рӯзона +12+17.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, 28-29/04 баъзан боришот, раъду барқ.       

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +22+27, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +13+18.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, 28-29/04 боришот (дар баландии зиёда аз 2800 метр барф). 

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +3+8, рӯзона +12+17;  дар шарқи вилоят шабона -5-10, рӯзона +2+7.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +25+27.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот. 

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +25+27.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +13+15, рӯзона +26+28.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +14+16.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Парвоз дар масири Машҳад – Душанбе – Машҳад пас аз ҷанг дар Эрон азсар гирифта мешавад

Аввалин парвоз ҳамин ҳафта ва аз сӯйи ширкати “Вориш” сурат мегирад.

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон беш аз 250 баробар афзудааст

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.