Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, обуҳаво

Анонс – Соати 14:00 дар суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии адвокатҳои газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина аз болои қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз рӯи парвандаи «Зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» баррасӣ мешавад; – Сафири Австралия дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Маскав) Пол Майлер ҷиҳати супоридани нусхаҳои эътимоднома ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин […]

ASIA-Plus



Анонс



– Соати 14:00 дар суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионии адвокатҳои газетаи «Азия-Плюс» ва муҳаррири он Олга Тутубалина аз болои қарори суди ноҳияи Фирдавсии пойтахт аз рӯи парвандаи «Зиёиён алайҳи «Азия-Плюс» баррасӣ мешавад;

– Сафири Австралия дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Маскав) Пол Майлер ҷиҳати супоридани нусхаҳои эътимоднома ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба шаҳри Душанбе меояд;

– Сафири Исроил дар Тоҷикистон (бо қароргоҳ дар шаҳри Тошканд) хонум Кармела Шамир ҷиҳати супоридани нусхаҳои эътимоднома ба вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов ба шаҳри Душанбе меояд;

– Соати 09-30 дар меҳмонхонаи «Хайят Реҷенси Душанбе» барои соҳибкорон ва истеҳсолкунандагон тренинги навбатии ройгон гузаронида мешавад. Ба соҳибкорон барои савол додан ба ҳамаи масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳашон дар мавриди иштирок дар харидҳои C-JTSCC имкон дода мешавад;

– Соати 11-00 дар Консерваторияи миллӣ бахшида ба ҷаз-фестивал дар Маркази фарҳанги «Бактрия» конфронси матбуотӣ баргузор мешавад.



Қ


урби




асъор



Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:


1

доллари ИМА – 

4.8533

сомонӣ;


1

евро –

6.8434

сомонӣ;


1

рубли русӣ

– 0.13


7


1

сомонӣ.  



Як р


ӯ


зи таърих

Рӯзи байнулмилалии рақс.

Рӯзи Холокост.


1992

– Миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шоҳигарии Белгия муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуд.


2004

– Ҳизби наҳзати исломӣ, Ҳизби сотсиал-демократӣ ва Ҳизби сотсиалистии Тоҷикистон дар бораи таъсиси Эътилоф «Барои интихоботи озод ва шаффоф дар Тоҷикистон» Созишнома ба имзо расониданд. Ҳизби демократ аз имзои он худдорӣ варзид.


2010

— Ифтитоҳи аввалин бюрои қарзӣ дар Тоҷикистон.


2013

— Президент дастур дод, ки Донишгоҳи давлатии Данғара таъсис дода шавад.


1882

– Зодрӯзи Ҳофизи халқии Тоҷикистон Бобохалил Одинаев.


1917

– Мавлуди актрисаи балет Сура Баҳор.


1952

– Зодрӯзи журналист Назрулло Хайруллоев.


1958

– Мавлуди журналист Саидмурод Рабизода.


1969

– Зодрӯзи шоир, журналист Шоҳонаи Сулаймон.



Вазъи обу


ҳ


аво


Дар вилояти Хатлон

—  Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола.  

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +13+18, рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона +8+13, рӯзона +18+23.


Дар вилояти Суғд

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола.      

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +10+15.


Дар Ноҳияҳои тобеи марказ

  — Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола (дар баландии зиёда аз 3000 метр барф).       

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +20+25, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +13+18.


Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

— Обуҳавои тағйирёбанда, баъзан борони кӯтоҳмуддат (дар баландии зиёда аз 3300 метр барф).     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +4+9, рӯзона +15+20;  дар шарқи вилоят шабона -3-8, рӯзона +7+12.


Дар шаҳри Душанбе

— Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола, рӯзона бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +23+25.


Дар шаҳри Хуҷанд

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола. 

Ҳарорат: шабона +11+13, рӯзона +21+23.


Дар шаҳри Қӯрғонтеппа

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ ва жола.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +24+26.


Дар шаҳри Хоруғ

— Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.   

Ҳарорат: шабона +6+8, рӯзона +17+19.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.