Таҷҳизоти шабакаи телевизиони муштараки форсизабонон дар куҷост?

– Таҷҳизот барои шабакаи телевизиони муштараки форсизабонон, ки муддати зиёда аз як сол дар анбори терминали гумрукии Душанбе қарор дошт, ба студия интиқол ёфта, вале то ҳанӯз мушкилоти пардохти боҷи гумрукӣ барои он ҳалношуда боқӣ монд, – гуфтанд дар намояндагии дипломатии Эрон дар Тоҷикистон. Дар хадамоти гумрук дар ин робита зикр карданд, ки таҷҳизот то […]

Меҳрангез Турсунзода



– Таҷҳизот барои шабакаи телевизиони муштараки форсизабонон, ки муддати зиёда аз як сол дар анбори терминали гумрукии Душанбе қарор дошт, ба студия интиқол ёфта, вале то ҳанӯз мушкилоти пардохти боҷи гумрукӣ барои он ҳалношуда боқӣ монд, – гуфтанд дар намояндагии дипломатии Эрон дар Тоҷикистон.

Дар хадамоти гумрук дар ин робита зикр карданд, ки таҷҳизот то ҳол дар анбор аст ва то замони пардохти боҷи гумрукӣ дар он ҷо нигаҳдорӣ хоҳад шуд.

Қобили зикр аст, ки Эрон барои таъсиси шабакаи телевизиони муштараки форсизабонони се кишвар – Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон аз Олмон ба Тоҷикистон ба маблағи 2 млн. евро таҷҳизоти телевизионӣ овард. Ин таҷҳизот муддати зиёда аз як сол аст, ки дар анбори терминали гумрукии Душанбе нигаҳдорӣ мешавад, зеро Эрон  ҳуҷҷатҳои тасдиқкунадаи пардохт нашудани боҷи гумрукӣ барои ин таҷҳизотро надорад. Хадамоти гумруки Тоҷикистон барои воридоти он пардохти 400 ҳазор доллари ИМА боҷи гумрукиро тақозо дорад.

Тавре ба «Азия-Плюс» намояндаи хадамоти матбуоти сафоратхонаи Эрон дар Тоҷикистон Аҳмад Асғарӣ хабар дод, таҷҳизотро аллакай ба студия интиқол додаанд, вале дар он ҷо ҳам он нокушода боқӣ мондааст. «Таҷҳизот барои шабакаи телевизионии «Наврӯз» ба таври истисно ба студия интиқол дода шуд, то ки дар анбори хадамоти гумрук ҷойи зиёдатиро ишғол накунад, вале ин маънои онро надорад, ки он аз зери назорати Хадамоти гумрук берун шуд. То ҳол оид ба масъалаи аз пардохти боҷи гумрукӣ озод кардани ин таҷҳизот бо мақомоти дахлдор гуфтушуниде сурат нагирифтааст», – иброз дошт намояндаи сафорат.

Дар ҳамин ҳол, аз Хадамоти гумрук ба «Азия-Плюс» зикр намуданд, ки «дар ин масъала ҳеҷ пешравие ба мушоҳида нарасида», бинобар сабаби пардохт нашудани боҷи гумрукӣ, таҷҳизот то ҳанӯз дар анбори гумрук нигаҳдорӣ мешавад.

Мутобиқи моддаи 321-и Кодекси гумруки ҶТ, агар таҷҳизот бевосита барои сафорати Эрон дар Тоҷикистон таъин шуда бошад, он аз пардохти боҷи гумрукӣ озод аст, вале агар он аз ҷониби сафорат истифода нагардад, пас пардохти боҷи гумрукӣ сарфи назар аз маблағи таҷҳизот, ҳатмӣ аст.

Ёдрас мекунем, ки моҳи июли соли 2006 зимни мулоқоти сарони кишварҳои Тоҷикистону Эрон дар Теҳрон оид ба таъсиси шабакаи телевизионии муштараки форсизабонон мувофиқа ҳосил шуд. Моҳи марти соли 2008 дар ҷараёни вохӯрии сеҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон ва Афғонистон дар Душанбе дар бораи таъсиси шабакаи телевизионии муштараки се кишвари форсизабон низ чунин тасмим гирифта шуд. Ҳамчунин қарор шуда буд, ки студияи марказии шабакаи телевизионӣ дар шаҳри Душанбе ҷойгир хоҳад шуд.

Коршиносон бар ин назаранд, ки дар масъалаи таъсиси шабакаи телевизиони муштараки форсизабонон Тоҷикистону Эрон талаботи Афғонистонро ба инобат нагирифтаанд. Афғонистон то ҳанӯз исрор меварзад, ки шабакаи телевизионӣ бояд бо забони пашту низ барномаҳо пахш намояд, зеро қисмати аксари аҳолии ин кишвар бо забони пашту гуфтугӯ мекунанд.

Қаблан намояндагони сафортхонаи Эрон дар Тоҷикистон изҳор карда буданд, ки доимо мавқуф гузоштани оғози пахши барномахои шабакаи телевизиони мазкур ба мавқеи раҳбарияти Афғонистон марбут аст. Афғонистон ба истилоҳи «форсизабонон» дар номгузории шабакаи телевизионӣ розӣ нест, зеро акасри аҳолии Афғонистонро паштузабонон ташкил дода, форсӣ барои онҳо забони модарӣ маҳсуб намеёбад.

Ғайр аз ин, ҷонибҳо ба масъалаҳое чун таҳияи барномаҳо ва  намуди зоҳирии шореҳони барномаҳои телевизионӣ тавофуқ ҳосил карда наметавонанд. Эрону Афғонистон давлатҳои исломӣ, вале Тоҷикистон кишвари дунявӣ буда, дар шабакаҳои телевизионии Эрону Афғонистон намоиши занон бидуни ҳиҷоб манъ аст.

Зимни нишасти хабарии нимаи аввали соли 2013 раиси Кумитаи телевизион ва радиои назди ҳукумати Тоҷикистон Асадулло Раҳмонов дар ин робита

изҳор намуда буд

, ки оянда масъалаи таъсиси шабакаи телевизиони муштаракаи форсизабонон – «Наврӯз» дар ниҳояти кор роҳи ҳалли худро пайдо мекунад, аммо масъалаи аз пардохти боҷи гумрукӣ озод кардани таҷҳизоти шабакаи телевизионӣ то ҳанӯз номаълум аст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.