Ҷаримабандии сокини пойтахт барои паҳн кардани маводи порнографӣ

Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сокини шаҳри Душанбе Абдумалик Абдураҳимовро барои пахн кардани маводи видеоии дорои мундариҷаи порнографӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ кард. Тавре судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Хуршед Исозода хабар дод, А.Абдураҳимов мутобиқи моддаи 241-и КҶ ҶТ (Ғайриқонунӣ тайёр ва паҳн кардани мавод ё предметҳои порнографӣ) муҷозот шудааст. Ба гуфтаи судя, […]

Мавзуна Абдуллоева



Суди ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт сокини шаҳри Душанбе Абдумалик Абдураҳимовро барои пахн кардани маводи видеоии дорои мундариҷаи порнографӣ ба маблағи 20 ҳазор сомонӣ ҷаримабандӣ кард.

Тавре судяи суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ Хуршед Исозода хабар дод, А.Абдураҳимов мутобиқи моддаи 241-и КҶ ҶТ (Ғайриқонунӣ тайёр ва паҳн кардани мавод ё предметҳои порнографӣ) муҷозот шудааст.

Ба гуфтаи судя, зимни мурофиаи судӣ А.Абдураҳимов пурра ба гуноҳи худ иқрор шуда, муфаттишон ҳам айби ӯро собит кардаанд.

Бино ба маълумоти суд, соли 2013 Абдумалик Абдураҳимов сомонаи интернетии

www.dwap.tj

ташкил карда, бо имзои шартнома бо ҷамъияти давлатии масъулияти маҳдуди «нукта.tj» дар домени «TJ» сабти ном шудааст. Пас аз ин ӯ бо мақсади ба даст овардани даромади бештар бидуни иҷозати молики яке аз сомонаҳои хориҷии

www.space.ru

, ки маводи видеоии дорои мазмуни порнографиро паҳн мекард, аз ин ҷо ба сомонаи худ 10 ҳазор адад маводи видеоиро интиқол медиҳад.

Зимнан зикр гардид, ки ҳангоми содир шудани ин ҷиноят таҳрири нави Кодекси ҷиноӣ мавриди амал қарор нагирифта буд, аз ин рӯ, ҳукм нисбати Абдураҳимов бар асоси Кодекси ҷиноии соли 1989 содир гардид. Мутобиқи тағийроту иловаи воридшуда ба таҳрири нави Кодекси ҷиноӣ аз моҳи марти соли 2014, минбаъд барои ворид кардан ва паҳн намудани маводи дорои мундариҷаи порнографӣ натанҳо ҷаримаи калон, балки муҷозоти маҳрумият аз озодӣ ба муҳлати 2 сол низ пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.