«Фонди дастгирии соҳибкорӣ» барои лоиҳаҳои гуногун 8,7 млн. сомонӣ ҷудо кард

Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» баргузор гардид. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, дар ҷаласаи мазкур аъзоёни Шӯро намояндагони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва бахши хусусии Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон иштирок […]

ASIA-Plus



Дар Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи навбатии Шӯрои нозирони Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» баргузор гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти Кумита, дар ҷаласаи мазкур аъзоёни Шӯро намояндагони вазоратҳои адлия, молия, рушди иқтисод ва савдо, Хадамоти зиддиинҳисорӣ, Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» ва бахши хусусии Ассотсиатсияи бонкҳои Тоҷикистон иштирок доштанд.

Ба иттилои манбаъ, бо назардошти имкониятҳои молиявии Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» ва ба талаботҳои қарзгирӣ чавобгӯ будани лоиҳаҳо ба баррасии ҷаласаи Шӯро 20 лоиҳаҳои аз нигоҳи иқтисодӣ афзалиятнок, ки аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии «Фонди дастгирии соҳибкорӣ» ва Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон «Амонатбонк» баҳогузорӣ гардидаанд, пешниҳод гардида буд.

Гуфта мешавад, аз лоиҳаҳои пешниҳодгардида тибқи овоздиҳии якдилона 17 лоиҳаи нақшаи тичоратӣ ба маблағи 8млн. 790 ҳазор сомонӣ афзалият пайдо намуда, протоколи ҷудо намудани маблағҳои қарзӣ ба имзо расонида шуд.

Боиси зикр аст, ки татбиқи лоиҳаҳои мазкур имконият медихад, ки сиёсати иҷтимоӣ ва гендерии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ шуда ба рушди иқтисодиёти миллӣ ҳиссаи сазовор мегузорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.