Хадамоти марзбонии Қирғизистон: Вазъ дар марз бо Тоҷикистон муташанниҷ аст

– Дар қитъаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон воҳидҳои нерӯҳои марзбонии Ботканд ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шудаанд, – хабар медиҳад шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон. Дар иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон зикр мегардад, ки «бо мақсади муайян кардани сабаб ва ҳолатҳои муноқишаи рӯзи 7-уми май миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон, муовини раиси […]

ASIA-Plus



– Дар қитъаи марзи Тоҷикистону Қирғизистон воҳидҳои нерӯҳои марзбонии Ботканд ба реҷаи пурзӯри адои хизмат гузаронида шудаанд, – хабар медиҳад шуъбаи робита бо ҷомеа ва ВАО-и Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон.

Дар иттилои Хадамоти марзбонии Қирғизистон зикр мегардад, ки «бо мақсади муайян кардани сабаб ва ҳолатҳои муноқишаи рӯзи 7-уми май миёни шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон, муовини раиси Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, полковник Абдикарим Алимбаев ба вилояти Ботканди кишвари ҳамсоя омад».

Ба иттилои манбаъ, айни замон вазъ дар қитъаи марзи Қирғизистон бо Тоҷикистон муташанниҷ арзёбӣ мешавад. «Дар маҳаллаи аҳолинишини Қизил-Бел (Қирғизистон), ҳудуди 500 метр дуртар аз гузаргоҳи марзии «Қизил-Бел автодорожный» ва дар маҳаллаи аҳолинишини Оқсой (ҶҚ) аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон роҳи мошингарди Исфара – Ворух баста аст», – зикр мегардад дар хабар.

Гуфта мешавад, «дар маҳаллаи аҳолинишини Оқсой (Қирғизистон) интиқоли нерӯи барқ қатъ гардида, айни замон тоҷикон дар қаламрави худ, дар деҳаи Хоҷаи Аъло хатти интиқоли барқеро, ки қаламрави ду кишварро убур мекунад, таъмиру барқарор карда истодаанд».

Ёдрас мекунем, ки қарибиҳои шоми рӯзи 7-уми май дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, дар роҳи мошингарди миёни Исфара ва ҷамоати Ворух, наздикии деҳаи қирғизии Куктош миёни шаҳрвандони ҳарду кишвар

муноқишаи навбатӣ

ба вуқӯъ пайваста, бар асари он ҳудуди 60 нафар аз ҳарду ҷониб осеб диданд.

Дар ҳамин ҳол, субҳи имрӯз муфаттишони Раёсати ВКД Тоҷикистон дар вилояти Суғд

тафтиши ҳодисаи

муноқишаи дирӯза дар марзи Тоҷикистону Қирғизистонро оғоз намуданд.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати вилояти Суғд хабар дод, дар ҷойи ҳодиса таҳти сарварии сардори Раёсати ВКД ҶТ дар Суғд Шариф Назаров гурӯҳи махсуси фаврӣ-тафтишотӣ машғули кор аст.

«Муфаттишон сокинони маҳаллӣ, шоҳидони ҳодисаи задухӯрди оммавии шаҳрвандони ҳарду кишварро, ки бар асари он беш аз 60 нафар аз ҳарду ҷониби ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд, бозпурсӣ доранд», – гуфт манбаъ.

Ба иттилои манбаъ, вазъ дар марз таҳти назорат қарор дошта, дастаҳои пурзӯршудаи милисаи точику қирғиз ва марзбонон ваъда додаанд, ки дигар ба муташанниҷ гардидани вазъ роҳ намедиҳанд.

Роҳи миёни Исфара ва Ворух аз ҷониби шаҳрвандони Қирғизистон баста буда, то ҳанӯз ҳам боз нашудааст.

Дар ҳамин ҳол,

гуфтушуниди навбатии

гурӯҳи кории Тоҷикистону Қирғизистон оид ба масъалаҳои марбут ба марзи давлатӣ рӯзи 11-уми май дар шаҳри Душанбе пешбинӣ шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.