Соли 2016 ҳаҷми ММД Тоҷикистон ба 63,2 млрд. сомонӣ мерасад

Тибқи пешгӯии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, давоми солҳои 2014-2016 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон ба андозаи 55% зиёд мешавад. Бино ба маълумоти Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон барои соли 2014 ва дурнамои асосии он барои солҳои 2015-2016, ММД Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2014 дар нархҳои пешгӯишаванда 48,6 млрд. сомонӣ (беш аз 10 […]

Пайрав Чоршанбиев



Тибқи пешгӯии Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ, давоми солҳои 2014-2016 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон ба андозаи 55% зиёд мешавад.

Бино ба маълумоти Дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон барои соли 2014 ва дурнамои асосии он барои солҳои 2015-2016, ММД Тоҷикистон аз рӯи натиҷаҳои соли 2014 дар нархҳои пешгӯишаванда 48,6 млрд. сомонӣ (беш аз 10 млрд. $)-ро ташкил дода, ММД-и кишвар дар соли 2015 дар ҳаҷми 55 млрд. 530 млн. сомонӣ пешгӯӣ мешавад.

Мувофиқи маълумоти ин санад, дар соли 2016 ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилии Тоҷикистон ба 63,2 млрд. сомонӣ баробар хоҳад шуд.

Ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и Тоҷикистон дар соли гузашта беш аз 40 млрд. 524,5 млн. сомонӣ (зиёда аз 8,5 млрд. $)-ро ташкил дод, ки нисбат ба нишондиҳандаи соли 2012 ба андозаи 7,4% зиёдтар аст. Дефлятори ММД дар соли гузашта ба 4,3% баробар шудааст.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ ҳаҷми ММД-и Тоҷикистон 7 млрд. 810 млн. сомонӣ (зиёда аз 1,6 млрд. $)-ро ташкил додааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Тоҷикистон ва Ӯзбекистон боз сари баррасии масъалаи таҳвили маҳсулоти нафту газ баргаштанд

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.