Коҳиши воридоти автомашинаҳои сабукрав ба Тоҷикистон

Дар зарфи се моҳи соли 2014 воридоти автомашинаҳои сабукрав ба Тоҷикистон ба миқдори 2,2 ҳазор адад кам шуд. Тавре ба «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, семоҳаи аввали соли равон ба Тоҷикистон 12 ҳазору 429 адад нақлиёти автомобилӣ ворид карда шудааст ва ин ҳам дар ҳолест дар ҳамин давраи соли гузашта ин […]

Заррина Эргашева



Дар зарфи се моҳи соли 2014 воридоти автомашинаҳои сабукрав ба Тоҷикистон ба миқдори 2,2 ҳазор адад кам шуд.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ хабар доданд, семоҳаи аввали соли равон ба Тоҷикистон 12 ҳазору 429 адад нақлиёти автомобилӣ ворид карда шудааст ва ин ҳам дар ҳолест дар ҳамин давраи соли гузашта ин нишондиҳанда ба 14,6 ҳазор адад баробар буд.

«Сабабҳои коҳиши воридотро мо мушаххасан шарҳ дода наметавонем, зеро воридоти воситаҳои нақлиёти автомобилӣ ба бисёр омилҳо марбутанд, аз ҷумла вобаста ба мавсим воридот зиёду кам шуда метавонад», – гуфтанд дар хадамот.

Қобили зикр аст, ки бо қарори ҳукумати Тоҷикистон, барои тамоми воридкунандагони воситаҳои нақлиёт аз 1-уми феврали соли 2013 қоидаҳои ягона муқаррар шуданд. Мутобиқи ин қарор, зимни анҷоми расмиёти гумрукии автомобил пардохти 18% андоз аз арзиши изофа, 5% боҷи гумрукӣ ва 10% андози аксизӣ зарур аст ва агар муҳлати истеҳсоли автомашина аз 5 сол зиёд бошад, меъёри боҷи гумрукӣ 7%-ро ташкил хоҳад дод. Солҳои наздик ворид намудани тағйирот ба қоидаҳои воридоти нақлиёти автомобилӣ ба Тоҷикистон дар назар нест.

Бино ба маълумоти Хадамоти гумрук, соли 2008 ба Тоҷикистон 94,1 ҳазор, соли 2009 – 38,1 ҳазор, соли 2010 – 34,2 ҳазор, соли 2011 – 39 ҳазору 69, соли 2012 – 51 ҳазору 80 адад ва соли 2013 – 65 ҳазору 600 адад автомобил ворид карда шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.