Шикасти бузурги «Равшан» аз «Парвоз» дар Кӯлоб

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб аз тими меҳмон – «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров – бо ҳисоби бузурги 2-5 шикаст хӯрд. Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин бозии мавқуфгузоштаи даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо ҳузури 4500 тамошобин баргузор шуд, шоми имрӯз, 7-уми май, поён ёфт. […]

ASIA-Plus



Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб аз тими меҳмон – «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров – бо ҳисоби бузурги 2-5 шикаст хӯрд.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ин бозии мавқуфгузоштаи даври аввали мусобиқаи қаҳрамонии лигаи олии футболи Тоҷикистон, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо ҳузури 4500 тамошобин баргузор шуд, шоми имрӯз, 7-уми май, поён ёфт.

Панҷ голи «Парвоз»-ро Юсуф Рабиев (6), Маъруф Умаров (23), Ҷаҳонгир Алиев (38) ва Фарҳод Тоҳиров (40, 66) заданд. Ду голи «Равшан»-ро Наврӯз Рустамов (14, аз пеналтӣ) ва Индус Ҳусейнов (85) ба ҳадаф расонданд.

Бояд гуфт, ки дар дақиқаи 36-уми бозӣ сардовар Баҳром Саъдуллоев аз шаҳри Қӯрғонтеппа бозигари «Равшан» Фаридун Рустамовро барои дағалона вайрон кардани қоидаи бозӣ аз майдон хориҷ кард.

Бозиҳои даври чоруми мусобиқаи лигаи олӣ рӯзҳои 10-11-уми май баргузор мешаванд. Се бозӣ рӯзи шанбе байни дастаҳои «Истиқлол» (Душанбе) – «Хуҷанд» (Хуҷанд), «Вахш» (Қӯрғонтеппа) – «Парвоз» (Бобоҷон Ғафуров) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) – «Равшан» (Кӯлоб) барпо мегардад.

Ду бозии дигари даври чорум рӯзи якшанбе миёни тимҳои «Далерон-Ӯротеппа» (Истаравшан) – ССКА «Помир» (Душанбе) ва «Энергетик” (Душанбе)  – “Хайр” (Ваҳдат) сурат мегирад.   

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Aura

Ахбори тоза

Кадом маҳсулот дар Тоҷикистон аз оғози сол гарон шуд?

Масалан, нархҳо ба хидматрасонии пулакӣ ба андозаи 3,4% боло рафтанд.

Содироти картошка аз Қазоқистон ба Тоҷикистон 257 баробар афзуд

Чунин болоравии босуръат ба бекор гардидани манъи муваққатӣ ба содирот дар Қазоқистон марбут аст.

Интиқоли нафту гази Ӯзбекистон ба Тоҷикистон. Масъулини ду кишвар чӣ хулоса карданд?

Ҷонибҳо дурнамои густариши ҳамкории энергетикии дар соли 2012 қатъшударо баррасӣ мекунанд.

Суханшиносе, ки иқтисоддону дипломати муваффақ шуд. Масири 65-солаи Маҳмадамин Маҳмадаминов

Ӯ аз аввалин вазирони тоҷик буд, ки бо чанд забон сӯҳбат мекард ва ҳамеша худро аҳли қалам мешуморид.

Дар се моҳи соли равон воридоти шакар ба Тоҷикистон кам шудааст

Дар ин давра ба Тоҷикистон зиёда аз 24 ҳазор тонна ин навъи маҳсулот ворид шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 72

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Доналд Трамп муҳлати оташбаси Амрико бо Эронро дароз кард. Теҳрон ҳоло расман вокуниш накардааст

Раисҷумҳури Амрико гуфт, бо дархости Покистон оташбасро тамдид кард, вале Эрон мегӯд, дар ин бора дархосте накардааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 22 апрели соли 2026

Ҳар сол 22 -юми апрел ҳамчун Рӯзи байналмилалии Замин ҷашн гирифта мешавад.

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.