Обхезӣ дар сойи Тебалай дар рӯзи ҷашни Иди Ғалаба

Субҳи рӯзи 9-уми май сатҳи об дар сойи Тебалайи Кӯлоб аз меъёр хеле зиёд шуда, ду садди муҳофизатиро рахна кард. Тавре ба «Азия-Плюс» раиси ҷамоати Кӯлоб Салим Бобохонов хабар дод, лозим омадааст, ки иштирок дар чорабиниҳои ҷашни Иди Ғалабаро мавқуф гузошта, «рӯзи мубориза бо оқибатҳои офати табиӣ эълон карда шавад». Ба гуфтаи ӯ, қувваи обу […]

Турко Дикаев



Субҳи рӯзи 9-уми май сатҳи об дар сойи Тебалайи Кӯлоб аз меъёр хеле зиёд шуда, ду садди муҳофизатиро рахна кард.

Тавре ба «Азия-Плюс» раиси ҷамоати Кӯлоб Салим Бобохонов хабар дод, лозим омадааст, ки иштирок дар чорабиниҳои ҷашни Иди Ғалабаро мавқуф гузошта, «рӯзи мубориза бо оқибатҳои офати табиӣ эълон карда шавад».

Ба гуфтаи ӯ, қувваи обу лойқа то ҳадде пурзӯр будааст, ки плитаҳои муҳофизатии оҳану бетонии 3-8 тоннагӣ чун картон рахна шудаанд.

«Вале ҳамин плитахо суръати маҷрои обу лойқаро паст намуда, аз ин рӯ, мардум ва манзилҳои зист осеб надиданд. Танҳо дар баъзе ҷойҳо соҳил шуста шуда, як майдони кишти гандум низ зарар дид», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли номбурда, таҳти раҳбарии ситоди шаҳрии ҲФ ва МГ бо ҷалби техникаи махсуси корхонаҳои гуногуни шаҳр дарҳол корҳои барқарор сохтани саддҳои муҳофизатӣ оғоз гардида, ширкати «Фароз» ба ҷойи ҳодиса як экскаватори пуриқтидорро сафарбар намудааст.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.