Дар вилояти Маскав як тоҷик куштаву ду нафари дигар захмӣ шуданд

Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар бораи як ҳодисаи фоҷеабор дар шаҳраки Ново-Николски ноҳияи Красногорски вилояти Маскав хабар дод, ки дар натиҷаи он як шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шудааст. Ба иттилои манбаъ, шоми рӯзи 7-уми май як гурӯҳи афроди номаълум ба ҳавлие, ки дар он 8 нафар муҳоҷирони кори тоҷик иқомат доштаанд, ворид шуда, аз силоҳи оташфишон […]

ASIA-Plus



Сафорати Тоҷикистон дар Русия дар бораи як ҳодисаи фоҷеабор дар шаҳраки Ново-Николски ноҳияи Красногорски вилояти Маскав хабар дод, ки дар натиҷаи он як шаҳрванди Тоҷикистон ҳалок шудааст.

Ба иттилои манбаъ, шоми рӯзи 7-уми май як гурӯҳи афроди номаълум ба ҳавлие, ки дар он 8 нафар муҳоҷирони кори тоҷик иқомат доштаанд, ворид шуда, аз силоҳи оташфишон оташ кушодаанд. «Дар натиҷа сокини вилояти Хатлон Мақсуд Сатторови 36-сола аз захмҳои бардошта дар бемористон ба ҳалокат расид. Айни замон масъалаи интиқоли ҷасади ӯ ба ватан ҳаллу фасл мешавад», – хабар доданд аз сафорат.

Гуфта мешавад, боз ду нафар шаҳрвандони тоҷики захмишуда дар бемористони шаҳри Красногорск бистарианд. Ба муҳоҷирони дигар муясссар шудааст, ки аз ҷинояткорон паноҳ баранд.

Зимнан зикр гардид, ки аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот ҷузъиёти ҳодисаро таҳқиқ мекунад. Сафорат аз сохторҳои дахлдори Русия талаб кардааст, ки ин ҳодиса мӯшикофона таҳқиқ ва ҷинояткорон муҷозот шаванд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.