Иштироки беш аз 20 ҳазор нафар Рӯзи дави миллӣ дар пойтахт

Рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта, 18-уми май чорабинии анъанавии Рӯзи дави миллӣ доир мегардад. Танҳо дар шаҳри Душанбе аз иштироки беш аз 20 ҳазор нафар интизорӣ меравад. Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, масофаи давидан 10 километр буда, он аз собиқ дидбонгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии Чорбоғ шурӯъ ва дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» […]

ASIA-Plus



Рӯзи шанбеи ҳамин ҳафта, 18-уми май чорабинии анъанавии Рӯзи дави миллӣ доир мегардад. Танҳо дар шаҳри Душанбе аз иштироки беш аз 20 ҳазор нафар интизорӣ меравад.

Тавре ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории Душанбе хабар дод, масофаи давидан 10 километр буда, он аз собиқ дидбонгоҳи Бозрасии давлатии автомобилии Чорбоғ шурӯъ ва дар «Наврӯзгоҳи пойтахт» ба анҷом мерасад.

Ба иттилои манбаъ, чорабинӣ соати 9-и субҳ оғоз гардида, анҷоми он соати 11-и рӯз пешбинӣ мешавад. Ғайр аз ин, дар тамоми ноҳияҳои пойтахт мусобиқоти давидан ба масофаи 3 километр ташкил карда шуда, ғолибон ва иштирокчиёни фаъоли чорабинӣ бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида мешаванд.

Қобили зикр аст, ки Рӯзи дави миллӣ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати ҶТ дар тамоми шаҳру навоҳии кишвар мусобиқоти дави оммавӣ ба масофаҳои гуногунро барпо хоҳад кард.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.

“Wildberries” соҳибкорони Тоҷикистонро ба вохӯрии тиҷоратӣ даъват мекунад

Рӯзи 1-уми июни соли 2026 дар Душанбе вохӯрии тиҷоратии “Wildberries E-Commerce Meetup” барои соҳибкорон, истеҳсолкунандагон ва намояндагони тиҷорати хурду миёнаи Тоҷикистон баргузор мешавад.

Вазорати дифоъ гуфт, нақшаи даъват ба артиш пурра иҷро шудааст

Вазорати мудофиаи Тоҷикистон эълон кард, ки нақшаи баҳории ҷалби...

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.