Хайруллоев сокинони Хоруғро ба худдорӣ аз иғвогариҳо даъват кард

Имрӯз дар маркази маъмурии ВМКБ вохӯрии собиқ вазири мудофиаи ҷумҳурӣ ва роҳбари ҳайати ҳукумат оид ба таҳқиқи ҳодисаҳои ахири Хоруғ Шералӣ Хайруллоев бо фаъолон ва пешвоёни шӯрои маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ баргузор шуд. Бино ба иттилои хабарнигори «Азия-Плюс» аз шаҳри Хоруғ, вохӯрӣ дар фазои амну осоишта ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, дар он масъалаҳои минбаъд ба эътидол […]

ASIA-Plus



Имрӯз дар маркази маъмурии ВМКБ вохӯрии собиқ вазири мудофиаи ҷумҳурӣ ва роҳбари ҳайати ҳукумат оид ба таҳқиқи ҳодисаҳои ахири Хоруғ Шералӣ Хайруллоев бо фаъолон ва пешвоёни шӯрои маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ баргузор шуд.

Бино ба иттилои хабарнигори «Азия-Плюс» аз шаҳри Хоруғ, вохӯрӣ дар фазои амну осоишта ва ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифта, дар он масъалаҳои минбаъд ба эътидол овардани вазъ дар шаҳри Хоруғ баррасӣ шудаанд.

Шералӣ Хайруллоев аз фаъолон ва пешвоёни маҳаллаҳои шаҳри Хоруғ дархост кардааст, ки ба ҳалли осоиштаи вазъ мусоидат намуда, ба иғвогариҳо дода нашаванд. Фаъолони шаҳр дархости ӯро пазируфтаанд. Зикр гардидааст, ки сокинони шаҳр ба ҷараёни таҳқиқи ҳодиса дахолат намекунанд.

Рӯйдодҳои 21-уми май дар шаҳрро Хайруллоев «ғайримунтазира» унвон карда, изҳор доштааст, ки «он натанҳо барои шаҳри Хоруғ, балки барои тамоми ҷумҳурӣ нимгаронкунанда аст».

Ӯ итминон додааст, ки тафтиши ҳодисаҳо дар муҳлати кӯтоҳ, воқеъбинона ва беғаразона гузаронида мешаванд. «Тамоми гунаҳкорони муноқиша, сарфи назар аз намояндагони мақомоти интизомӣ ё каси дигаре будани онҳо, муҷозот хоҳанд шуд», – гуфтааст собиқ вазири мудофиаи кишвар.

Субҳи имрӯз дар шаҳри Хоруғ ба


қарордод


миёни ҳукумати ҶТ ва намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии ВМКБ бобати ба эътидол овардани вазъ дар Бадахшон


протокол


ба имзо расид.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.