Расул Боқиев барои иштирок дар Бозиҳои олимпии соли 2016 омода мешавад

Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Расул Боқиев феълан барои иштирок дар мусобиқаи байнулмилалии дзюдо дар Фаронса омодагӣ мебинад ва дар сурати ғолибият, дар Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2016 ширкат хоҳад кард. Расул Боқиев дар суҳбат ба Хабаргузории “Азия-Плюс” гуфт, ки агар дар мусобиқаи Фаронса пирӯзиро ба даст наорад, аз риштаи варзиш канор меравад. Вай афзуд, ки феълан бо […]

Мавзуна Абдуллоева


Ҷаҳонпаҳлавони тоҷик Расул Боқиев феълан барои иштирок дар мусобиқаи байнулмилалии дзюдо дар Фаронса омодагӣ мебинад ва дар сурати ғолибият, дар Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2016 ширкат хоҳад кард.


Расул Боқиев дар суҳбат ба Хабаргузории “Азия-Плюс” гуфт, ки агар дар мусобиқаи Фаронса пирӯзиро ба даст наорад, аз риштаи варзиш канор меравад.


Вай афзуд, ки феълан бо сафари 8-рӯза дар Тоҷикистон қарор дорад ва имрӯз бо даъвати бародарбузургаш Алишер Боқиев дар толори варзишии “Авитсена”-и ноҳияи Ҳисор ҳамчун мураббӣ барои ҷавонону наврасон як мастер-класс гузаронид. Дар он беш аз 70 нафар варзишгарони синнашон аз 4 то 35-сола иштирок карданд. Қаҳрамони ҷумҳурӣ дар риштаи дзюдо ва гуштини миллӣ Амонулло Азимов дар ин чорабинии омӯзишии варзишӣ ба ҳайси ёвари Расул Боқиев фаъолият дошт.


Алишер Боқиев дар робита ба вазъи кунунии бародараш гуфт, ки Расулро ба ғайр аз Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон ягон сарпарасти дигар дастгирӣ накард. “Аз ҳамин сабаб бародарам ҳоло дар Русия аз ҳисоби худ барои Бозиҳои олимпии тобистонаи соли 2016 тайёрӣ дида истодааст”, – афзуд Алишер.


Марбут ба ин масъала худи Расул Боқиев чунин изҳор дошт: “Агар ягон сарпараст ба Тоҷикистон даъват кунад, ман ба Ватан бармегардам”.


Ӯ тасмим дорад, то сафари навбатияш ба Русия, дар чорабинии варзишии ноҳияи Рӯдакӣ миёни ҷавонону наврасон ва маросими ифтитоҳи толори варзишӣ дар маҳаллаи 103-и шаҳри Душанбе ширкат варзад.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои шинохтаи театру синамои тоҷик шоми 24-уми майи соли 2025 дар Душанбе аз олам чашм пӯшид....

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.

Дар Тоҷикистон Ҷоизаи байналмилалии Абӯалӣ ибни Сино дар соҳаи тиб таъсис ёфт.

Дар ин бора фармони Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон субҳи 23-юми май ба имзо расид.

Анборҳои холӣ ва талаботи зиёд. Чаро нархи семент дар Тоҷикистон якбора гарон шуд?

Бар асари корҳои таъмир дар корхонаҳо, талаботи зиёд ва афзоиши содирот ба Афғонистон, бозори масолеҳи сохтмони Тоҷикистон нобасомон аст.

Эмомалӣ Раҳмон “Рӯзи ҷавонон”-ро ба ҷавонони тоҷик шодбош гуфт

Имрӯз дар Тоҷикистон "Рӯзи ҷавонон" таҷлил мешавад.