Омодагирии муассисаҳои таълимии Хуҷанд ба мавсими тирамоҳу зимистон

Маҷлиси машваратии навбатии раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ин бор бо сарварони мактабҳову кӯдакистонҳо, роҳбарони корхонаву иттиҳодияҳое, ки бо дӯхтани либоси мактабӣ машғул ҳастанд, баргузор шуд. Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Хуҷанд, нахуст Раҷаббой Аҳмадзода ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва арз дошт, ки рӯзномаи машварат иборат аз муҳокимаи масъалаи омодагии мактабҳо ба давраи истиқболи […]



Маҷлиси машваратии навбатии раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ин бор бо сарварони мактабҳову кӯдакистонҳо, роҳбарони корхонаву иттиҳодияҳое, ки бо дӯхтани либоси мактабӣ машғул ҳастанд, баргузор шуд.

Бино ба маълумоти сомонаи расмии ҳукумати шаҳри Хуҷанд, нахуст Раҷаббой Аҳмадзода ҳозиринро хайрамақдам гуфт ва арз дошт, ки рӯзномаи машварат иборат аз муҳокимаи масъалаи омодагии мактабҳо ба давраи истиқболи мактабиён ба соли нави таҳсили 2014-2015-ум ва сатҳи омодагиҳо ба давраи зимистонгузаронии кулли муассисаҳои таълимӣ мебошад.

 Оид ба ин масъала муовини Раиси шаҳр Умедахон Муродова маълумот дода, зикр сохт, ки бо мақсади иҷроиши қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3-юми марти соли 2014, таҳти №286 «Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2014-2015» ва дар асоси ҳамин қарор фармоишҳои Вазорати маориф ва илми ҶТ, раёсати маорифи вилоят ва шӯъбаи маорифи шаҳр, Нақша – чорабинӣ тартиб дода шуда, фаъолияти масъулон дар ин самт пурзӯр карда шудааст.

Ситоди «Зимистони соли 2014-2015-ум» таъсис дода шуд, ки иборат аз 9 нафар мебошад ва раисии Ситодро мудири шӯъба Саидмухтор Ҷалолов бар ӯҳда дорад. Муайян гардид, ки муассисаҳои таълимии шаҳр то ин дам бо 1744 адад гармкунаки барқӣ ва 564 адад печи бухорӣ муҷаҳҳаз буда, дар ҳолати коршоям қарор доранд. Қариб дар ҳамаи 47 мактаб ва 35 кудакистон, дар маҷмуъ 82 муассисаи таълимӣ хати барқи озод кашида шудааст. Синфхонаҳои компютерӣ бо 47 адад генератори таъмини барқ муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ҳамзамон барои фаъолияти мунтазами чунин синфхонаҳо 60 литр сӯзишворӣ захира гардидааст. Бояд таъкид кард, ки – афзуд Умедахон Муродова,- ҳоло дар 8 муассисаи таълимӣ – Гимназияи №4, Гёте, Пӯлотов, Литсейи тоҷикию туркӣ ва Литсейи Донишкадаи техникии донишгоҳи политехникӣ, Иршод, №31, 26 буғхонаҳо насб ва дар ҳолати омодабош қарор доранд ва то рӯзҳои наздик боз 10 мактаб – №5, 7, 9, 11, 16, 17, 22, гимназияҳои 1, 13, МХ Файз аз тайёр шудани буғхонаҳо ба давраи зимистони нав мужда хоҳанд дод.

 Умедахон Муродова ҳамзамон изҳор дошт, ки тибқи маълумот эҳтиёҷоти муассисаҳои таълимӣ ба сӯзишворӣ, масалан, ба ангишт 250 тонна, ҳезум 146 м3 ва шишабандӣ 705м2 муайян карда шудааст. Аз ин рӯ, соли ҷорӣ шӯъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд ва мактабҳо бо ҶДММ «Тоҷик-Кедр»-и шаҳри Исфара оид ба дастрас намудани 140,1 тонна ангишт шартнома бастааст. Дар айни замон 74 тонна ангишт дастрас ва захира карда шуда, боқимонда рузхои наздик дастрас хоҳад гашт. То ҳол 105,8 тонна ангишт, 105 метри кубӣ ҳезум захира шуда, 615 м2 тирезаҳо шишабандӣ карда шудааст.

 Ба маълумоти шумо мерасонам, ки – арз кард муовини раиси шаҳр Умедахон Муродова, – бо либоси ягона таъмин намудани толибилмони мактабҳо, вазифаи асосии масъулон ба шумор меравад. Имрӯзҳо корхона ва иттиҳодияҳои Наврӯз, Наргис, Зинат, Ороста, 20-солагии Истиқлолият, Технопарк, Сабрина, Бунафша, Ганҷи олам, Аленка ва чеварони хонагӣ наздик ба 4356 нафар либоси мактабӣ бо нархҳои аз 85 сомонӣ то 300 сомонӣ дӯхта доданд ва  духту дӯз ҳоло идома дорад, зеро имсол ба мактаб 24680 нафар толибилм бо таҳсил фарогир мешавад.

 Дар мактабҳо 340 нафар ятим ва қариб 1000 аз оилаҳои камбизоат таҳсил мекунад.

 Бо шунидани ин рақамҳо Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин изҳори сипос намуд ва гуфт, ки ба ятимон ба кудакони оилаҳои камбизоат кумак хоҳем кард. Бояд то давраи оғози таҳсил,супориш дод Раис,- қарзи истифодаи барқ дар муассисаҳои таълимӣ комилан пардохт карда шавад, мактабу кӯдакистонҳо бо хати озоди барқ пурра таъмин гарданд, бомҳо таъмир ва тирезаҳо шишабандӣ карда шуда, рӯзи 10-уми август аз иҷрои ин супоришҳо маълумот дода шавад. Дар як вақт Раиси шаҳр супориш дод, ки  либосҳои мактабӣ бояд тавре дӯхта шаванд, ки ба талаботи миллии мо ҷавобгӯ бошанд, аз матоъҳои истеҳсоли худӣ ба монанди матоъи пахтагини коргоҳи Текстил-Сити ва амсоли он гирифта шаванд. Рӯзи 15-уми август Ярмаркаи либосҳои мактабӣ оғоз мегардад, аз ин рӯ, масъулинро вазифадор кард, ки он дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шавад.

 Мақсади асосии мо, – арз намуд дар фарҷоми машварат Раҷаббой Аҳмадзода, – таълиму тарбия ба сатҳи зарурӣ бардошта шавад, обрӯву нуфузи омӯзгор ва мактаб баланд гардад, фарзандони мо дар шароити хубу шоиста таҳсил намоянд, ягон кӯдак аз таваҷҷӯҳ дар канор намонад, ҷиноятсодиркунии ноболиғон коҳиш ёбад, ба ҳизбу ҳаракатҳои номатлуб шомил нашаванд ва ба шарофати кордониву роҳнамоии шумо омӯзгорон, шогирдони мактабҳои шаҳр дар сатҳи ҷумҳурӣ ва берун аз он машҳур шуда, ба халқу ватани маҳбуб хидматҳои шоёни таҳсин намоянд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд мунтахаби Тоҷикистон 12 медал ба даст овард

Александра Кан ба дарёфти медали тиллои мусобиқа даст ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.