МБГ Душанбе-2 ахири август пурра ба кор медарояд

Ахири моҳи август бо иқтидори пурра мавриди истифода қарор додани Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 дар назар аст. Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, давоми моҳи август агрегати дуюми маркази барқу гармидиҳӣ комилан барои кор омода мешавад. Ба иттилои манбаъ, иншооти мазкур ноҳияи Исмоили Сомониро бо оби гарм ва дар фасли зимистон […]



Ахири моҳи август бо иқтидори пурра мавриди истифода қарор додани Маркази барқу гармидиҳӣ (МБГ)-и Душанбе-2 дар назар аст.

Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати «Барқи тоҷик» хабар доданд, давоми моҳи август агрегати дуюми маркази барқу гармидиҳӣ комилан барои кор омода мешавад.

Ба иттилои манбаъ, иншооти мазкур ноҳияи Исмоили Сомониро бо оби гарм ва дар фасли зимистон бо гармӣ таъмин мекунад.

Зимнан зикр гардид, ки корҳои бунёди зербино барои интиқоли гармиву оби гарм ба сокинони ин ноҳия дар арафаи анҷромёбист. «Ҳамзамон комиссияи махусе амал мекунад, ки омодагии тамоми иншооти ин ноҳиярро барои қабули обу гармӣ месанҷад», – гуфтанд дар ширкат.

Ёдрас мекунем, ки аввали моҳи майи соли ҷорӣ бинобар сабаби афзоиши нерӯи барқ дар нерӯгоҳҳои обиву барқии ҷумҳурӣ, дар МБГ Душанбе-2 истеҳсоли он боздошта шуд.

Навбати аввали ин иншоот бо иқтидори 50 МВт аввали соли равон мавриди истифода қарор гирифт Бо анҷоми навбати дуюми лоиҳа иқтидори он ба 100 МВт мерасад. Лоиҳаи сохтмони маркази мазкур аз ҷониби ширкати ТВЕА-и Чин амалӣ мегардад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз таваққуфи семоҳа хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Теҳрон аз сар гирифта шуданд

Ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” зиёда аз 90 мусофиронро ба Душанбе овард.

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.