Хатлон иштирокчиёни озмуни ҷумҳуриявии маҳсулоти беҳтаринро муайян кард

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа иштирокчиёни ояндаи озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматгузории беҳтарин» аз вилояти Хатлонро муайян карданд.Озмуни интихобӣ санаи 1-уми август дар кохи ба номи Лоҳутӣ баргузор шуда, ба кумитаи тадорукот аз 36 нафар соҳибкорону корхонаҳои хусусӣ оид ба иштирок дархостҳо ворид шуданд. Директори Раёсати Агентии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Қӯрғонтеппа Икромиддин Валиев ба «Азия-Плюс» дар ин […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои asia+



Дар шаҳри Қӯрғонтеппа иштирокчиёни ояндаи озмуни ҷумҳуриявии «Маҳсулот ва хизматгузории беҳтарин» аз вилояти Хатлонро муайян карданд.Озмуни интихобӣ санаи 1-уми август дар кохи ба номи Лоҳутӣ баргузор шуда, ба кумитаи тадорукот аз 36 нафар соҳибкорону корхонаҳои хусусӣ оид ба иштирок дархостҳо ворид шуданд.

Директори Раёсати Агентии «Тоҷикстандарт» дар шаҳри Қӯрғонтеппа Икромиддин Валиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки озмуни мазкур бо ташаббуси Агентӣ доир гардида, ҳадаф аз он ноил гардидан ба беҳтар шудани сифати маҳсулоти корхонаҳои ватанӣ ва рушди соҳибкорӣ дар ҷумҳурӣ мебошад.

Баъди мавриди таҳлилу омӯзиш қарор гирифтани маҳсулоти пешниҳодшуда ҳайати ҳакамон ба 23 корхона ҷиҳати иштирок дар озмуни ҷумҳуриявӣ роҳхат дод.

Ситора Шерова, муовини раиси вилояти Хатлон зимни суханрониаш зикр кард, ки ин озмун гувоҳӣ медиҳад, ки истеҳсолкунандагони маҳсулоти вилояти Хатлон сол то сол таҷриба андӯхта, ҷиҳати беҳбуди сифати маҳсулот ва хизматгузориҳо кӯшиш ба харҷ медиҳанд. «Тоҷикистон ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат шомил гардида, мо умедворем, ки чунин чорабиниҳо ба рақобтапазир шудани маҳсулоти мо дар бозори ҷаҳонӣ мусоидат мекунанд», – таъкид дошт Шерова.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Пас аз таваққуфи семоҳа хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе ва Теҳрон аз сар гирифта шуданд

Ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” зиёда аз 90 мусофиронро ба Душанбе овард.

То +45°C ва баъзан борон меборад: ҳавои моҳи июн дар Тоҷикистон

Дар аксари минтақаҳои Тоҷикистон моҳи июн гарму хушк омада, аммо дар баъзе рӯзҳо борону раъду барқ дар назар аст.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.