Вохӯрии Қодири Қосим бо сафири Озарбойҷон

Зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим бо сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов изҳор гардид, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ҳадафмандона ҷиҳати ҳалли мушкилот дар бахши нақлиёт талош меварзад. Дар ин робита Қодири Қосим зикр кардааст, ки дар мавриди ин масъала ҳукумати Тоҷикистон бо як қатор ниҳодҳои молии байнулмилалӣ гуфтушунид […]



Зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҶТ Қодири Қосим бо сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистон Аббосалӣ Гасанов изҳор гардид, ки ҳукумати ҷумҳурӣ ҳадафмандона ҷиҳати ҳалли мушкилот дар бахши нақлиёт талош меварзад.

Дар ин робита Қодири Қосим зикр кардааст, ки дар мавриди ин масъала ҳукумати Тоҷикистон бо як қатор ниҳодҳои молии байнулмилалӣ гуфтушунид дошта, ба баъзе пешравиҳо дар ин самт ноил гардидаст.

«Аз ҷумла дар масъалаи маблағгузорӣ ба сохтмони қитъаи тоҷикистонии роҳи оҳани Тоҷикистон – Афғонистон – Туркманистон гуфтушунидҳо ҷараён доранд», – гуфтааст ӯ.

Қодири Қосим таъкид доштааст, ки Турманистон сохтмони қисмати роҳ дар қаламрави худро ба итмом расонида, маблағгузории қисмати роҳ дар Афғонистонро Бонки ҷаҳонӣ ба зимма гирифтааст.

Ёдрас мекунем, ки 20-уми марти соли 2013 зимни мулоқоти сеҷонибаи сарони кишварҳои Туркманистону Тоҷикистон ва Афғонистон дар Ашқобод, ки баҳри таҷлили ҷашни Наврӯзи байнулмилалӣ ба пойтахти ин кишвар ташриф оварда буданд, Ёддошти тафоҳум дар бораи сохтмони роҳи оҳани мазкур ба имзо расид.

Пайвастшавии Тоҷикистон ба Туркманистон тавассути роҳи оҳан тариқи қаламрави Афғонистон раҳоии Тоҷикистон аз вобастагӣ ба роҳи оҳани Ӯзбекистон ва ҳамчунин дастёбии Тоҷикистон ба шабакаи роҳҳои оҳани ИДМ ва баҳри Каспий ва дар оянда ба халиҷи Форсро таъмин хоҳад кард.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.