Гумонбарии муовини роҳбари Маркази ҷумҳуриявии клиникӣ ба қаллобӣ

Муовини директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии Тоҷикистон (Қарияи Боло) Қиёмиддин Хоҷаев ба содир намудани амали қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд гумонбар дониста мешавад. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, моҳи июни соли равон Хоҷаев ба шаҳрванд Қмбарова ваъда додааст, ки бо истифода аз робитаҳои худ ба барқарор гардидани […]



Муовини директори Маркази ҷумҳуриявии клиникии Тоҷикистон (Қарияи Боло) Қиёмиддин Хоҷаев ба содир намудани амали қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд гумонбар дониста мешавад.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ, моҳи июни соли равон Хоҷаев ба шаҳрванд Қмбарова ваъда додааст, ки бо истифода аз робитаҳои худ ба барқарор гардидани таҳсили писари ӯ Ҷумъабек Саидов дар Коллеҷи тиббии шаҳри Кӯлоб ва минбаъд ба Коллеҷи тиббии шаҳри Душанбе гузаронидани ӯ мусоидат мекунад.

Барои ин ӯ маблағи 500 доллари амрикоӣ талаб карда гирифта, ягон амалеро иҷро накардааст ва маблағи мазкурро тасарруф намуда, ба эҳтиёҷоти худ сарф кардааст.

Гузашта аз ин, ахири моҳи июн Хоҷаев ба Қамбарова муроҷиат карда, аз ӯ иловатан 1,5 ҳазор доллари ИМА талаб мекунад, ки гӯё барои иҷрои кор зарур будаанд. Санаи 31-уми июл Қамбарова ба Агентии зиддифасод дар ин хусус муроҷиат мекунад.

Худи ҳамон рӯз ҳангоми гузаронидани амалиёти тафтишӣ- оперативӣ Хоҷаев Қ.Қ. бевосита пас аз гирифтани маблағи 1500 доллари ИМА аз шаҳрванд Камбарова дар назди беморхонаи марказии “Қарияи болло”, воқеъ дар ш. Душанбе, кучаи И.Сомонӣ 57/1дастгир карда шуда, маблағи мазкур аз ӯ дарёфт ва мусодира гардид

Гуфта мешавад, нисбати Қиёмиддин Хоҷаев мутобиқи моддаи 247 қисми 4 банди “б” КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қаллобӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд) паровандаи ҷиноӣ боз гардида, тафтиши пешакӣ идома дорад.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.