КМО Тоҷикистон рӯйхати гирандагони стипендияи олимпиро тасдиқ кард

Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон рӯйхати номзадҳо барои гирифтани стипендияи олимпӣ тасдиқ карда шуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти КМО Тоҷикистон, ба ин рӯйхат ҷиҳати омодагӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои олимпӣ барои дарёфти иҷозатнома 20 варзишгари муваффақи ҷумҳурӣ шомил гардида, барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои XXXI-уми тобистонаи олимпии соли 2016 дар […]



Дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи Кумитаи миллии олимпӣ (КМО)-и Тоҷикистон рӯйхати номзадҳо барои гирифтани стипендияи олимпӣ тасдиқ карда шуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти КМО Тоҷикистон, ба ин рӯйхат ҷиҳати омодагӣ ва иштирок дар мусобиқаҳои олимпӣ барои дарёфти иҷозатнома 20 варзишгари муваффақи ҷумҳурӣ шомил гардида, барои дарёфти роҳхат ба Бозиҳои XXXI-уми тобистонаи олимпии соли 2016 дар Рио-Де-Жанейро (Бразилия) талош меварзанд.

Ба иттилои манбаъ, ба ин рӯйхат Мавзуна Чориева, Анвар Юнусов, Наврӯз Ҷафоев, Шаҳриёр Аҳмедов (бокс); Дилшод Назаров (варзиши сабук); Искандлар Рустам, Фарҳод Усмонзода, Манучеҳр Аллаев, Хусрав Облобердиев, Муродҷон Тӯйчиев, Залимхон Юсупов, Баҳодур Қодиров, Сомиршо Воҳидов (гӯштии варзишӣ); Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, Фарҳод Раҳимов, Комроншох Устопириён, Расул Абдушарифов (дзюдо) ва Алишер Гулов, Фарҳод Неъматов, Моҳрӯ Ҳалимова (таэкондо ВТФ) дохил шуданд.

Гуфта мешавад, рӯйхати номзадҳо барои дарёфти стипендияи олимпиро КМО Тоҷикистон ба Кумитаи байнулмилалии олимпӣ ирсол намуда, пас аз маъқул шуморида шудани он, варзишгарони зикршуда аз 1-уми сентябри соли 2014 бо стипендияҳои олимпӣ таъмин карда мешаванд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.