East Air тариқи лизинг ҳавопаймои Airbus A320 дастрас кард

Ширкати ҳавопаймоии East Air тариқи лизинг як ҳавопаймои Airbus A320 дастрас намуд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ, дар ин бора бо яке аз шарикони туркӣ оид ба дастрас кардани ҳавопаймо шартномаи дарозмуҳлат ба имзо расидааст. Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймо аз қайди амрикоӣ бароварда шуда, ба номи Тоҷикистон сабт шудааст. Ҳавопаймо бо рақами EY-624 […]



Ширкати ҳавопаймоии East Air тариқи лизинг як ҳавопаймои Airbus A320 дастрас намуд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти ширкати ҳавопаймоӣ, дар ин бора бо яке аз шарикони туркӣ оид ба дастрас кардани ҳавопаймо шартномаи дарозмуҳлат ба имзо расидааст.

Ба иттилои манбаъ, ҳавопаймо аз қайди амрикоӣ бароварда шуда, ба номи Тоҷикистон сабт шудааст. Ҳавопаймо бо рақами EY-624 ба қайд гирифта шудаааст. Макони ҷойгиршавии ҳавопаймо фурудгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа буда, парвозҳо тибқи хатсайрҳои ширкати East Air-ро ба анҷом мерасонад.

Ширкати ҳавопаймоии East Air аз соли 2007 дар бозори Тоҷикистон фаъолият дорад. Айни замон ширкат парвозҳо аз фурудгоҳҳои шаҳрҳои Кӯлоб ва Қӯрғонтеппа ба шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Екатеринбург, Қазон, Новосибирск ва Оренбургро ба анҷом мерасонад. Парки ширкати ҳавопаймоӣ аз ҳавопаймоҳои истеҳсоли Ғарб – Boeing 737 ва Airbus A320 иборат аст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.