Боздошти ду сокини шаҳри Хоруғ бо героин

Ҳафтаи сипаригашта кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ оид ба боздошт намудани фурӯшандагони героин ду амалиёт гузарониданд. Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, баъди дастрас шудани маълумоти оперативӣ, кормандони Раёсат қарор намуданд, ки фурӯшандагони героинро ҳангоми хариду фурӯш дастгир намоянд. Дар натиҷа ду сокини шаҳри Хоруғ боздошт […]



Ҳафтаи сипаригашта кормандони Раёсати Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ВМКБ оид ба боздошт намудани фурӯшандагони героин ду амалиёт гузарониданд.

Бино ба иттилои шуъбаи робита бо ҷомеаи Агентӣ, баъди дастрас шудани маълумоти оперативӣ, кормандони Раёсат қарор намуданд, ки фурӯшандагони героинро ҳангоми хариду фурӯш дастгир намоянд.

Дар натиҷа ду сокини шаҳри Хоруғ боздошт гардид. Яке аз онҳо соли 2012 барои паҳн намудани маводи нашъаовар суд шуда буд, аммо ҷазои пештар гирифта барояш сабақ нагардид. Ӯ боз ба роҳи каҷ қадам зад.

Муайян гардид, ки ҳар ду фурӯшанда дар ҳеҷ куҷо кор намекунанд.

Ҳангоми кофтукови шахсӣ аз онҳо маводи зардчатоби хокамонанд дарёфт ва мусодира гардид.

Лабораторияи экспертизаи судии Раёсати Агентӣ дар ВМКБ муайян намуд, ки маводи мусодирашуда героин мебошад.

Аз тарафи шуъбаи тафтишотии Агентӣ парвандаи ҷиноӣ оғоз гардид. Боздоштшудагон ба Тавқифгоҳи Нигоҳдории Муваққатии Агентӣ ворид карда шуданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Мунтахаби Тоҷикистон дар Ҷоми ҷудои Осиё дар Тошканд 12 медал ба даст овард

Дар ин мусобиқот, Тоҷикистонро беш аз 200 ҷудокор муаррифӣ карданд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 4

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Пас аз се моҳи таваққуф парвозҳо аз Теҳрон ба Душанбе ва баръакс барқарор шуд

Дирӯз, ҳавопаймои ширкати эронии “Вориш” бо зиёда аз 90 мусофир ба Душанбе омад.

Мӯйсафеде, ки ба Эмомалӣ Раҳмон гуфт, “миллати ориёиҳоро зиёд кардем” кист?

Вақте навори ин гуфтугӯ паҳн шуд, ба ин суроғи пирамарди зиндадил рафтем ва дар бораи зиндагии ӯ гузориш омода кардем.

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.