Раиси Суғд соҳибони медалро ифтихори маориф ва илми вилоят номид

Рӯзи 5 август дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ду нафар хатмкардаи мактабҳои шаҳри Хуҷанд – Нафиса Мирзоҷамшедзода аз мактаби Гёте ва Хуршед Бобоҷонов аз муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Рустамов» Шаҳодатномаи аъло ва медалҳо супурда шуданд. Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, шаҳодатнома ва медалҳоро ба толибилмони беҳтарини вилояти Суғд […]

ASIA-Plus



Рӯзи 5 август дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ба ду нафар хатмкардаи мактабҳои шаҳри Хуҷанд – Нафиса Мирзоҷамшедзода аз мактаби Гёте ва Хуршед Бобоҷонов аз муассисаи таълимии ғайридавлатии «Мактаби Рустамов» Шаҳодатномаи аъло ва медалҳо супурда шуданд.

Бино ба маълумоти хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд, шаҳодатнома ва медалҳоро ба толибилмони беҳтарини вилояти Суғд Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ супорид. Бояд гуфт, ки имсол дар қаламрави кишвар 86 нафар довталаб барои гирифтани медалҳои ифтихорӣ дар Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ қувваозмоӣ намуданд ва танҳо 7 нафар аз ҷумлаи беҳтаринҳо дониста шуданд, ки 5 нафар аз шаҳри Душанбе ва ду нафарашон аз вилояти Суғд мебошанд. Ҳамин тариқ Нафиса Мирзоҷамшедзода ба гирифтани медали тилло ва Хуршед Бобоҷонов ба гирифтани медали нуқра сазовор гардиданд.

Роҳбари вилоят медалистҳоро бо ин комёбиашон таҳният гуфт ва онҳоро ифтихори маориф ва илми вилоят номид. Изҳори умед карда шуд, ки онҳо минбаъд низ таҳсили шоиста мекунанд ва дар пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол чун мутахассисони кордон саҳми муносиб мегузоранд.

Толибилмони беҳтарин ҳамзамон бо туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби Раиси вилоят қадрдонӣ карда шуданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.