Сафарбарии беш аз 250 нафар сарбозону афсарони тоҷик ба тамринҳо дар Чин

Беш аз 250 нафар сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати иштирок дар тамринҳои низомии муштараки зиддитеррористии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Рисолати сулҳовар-2014» озими Чин шуданд. Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳайати низомии Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои низомии нерӯҳои ҳарбиву […]

Аваз Юлдошев



Беш аз 250 нафар сарбозону афсарони Вазорати мудофиаи Тоҷикистон имрӯз ҷиҳати иштирок дар тамринҳои низомии муштараки зиддитеррористии Қувваҳои Мусаллаҳи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай таҳти унвони «Рисолати сулҳовар-2014» озими Чин шуданд.

Сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ Фаридун Маҳмадалиев ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ҳайати низомии Тоҷикистон тавассути ҳавопаймои низомии нерӯҳои ҳарбиву ҳавоии Вазорати мудофиаи Чин аз Душанбе ба ин кишвар фиристода шуда, ҳайатро дар тамринҳо муовини аввали сардори Ситоди кулли Қуваҳои Мусаллаҳи кишвар генерал-майор Тоҳир Хайруллоев раҳбарӣ мекунад ва ба ҳайати Тоҷикистон гурӯҳи вокуниши фаврӣ ва таъиноти маъсуси Вазорати мудофиаи ҷумҳурӣ шомил мебошанд.

Ба гуфтаи сардори маркази матбуоти Вазорати мудофиаи ҶТ, тамринҳои низомӣ дар машқгоҳи «Чжужихэ» дар ноҳияи мухтори Муғулистони Дохилии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор мешаванд.

Зимнан зикр гардид, ки дар доираи тамрини «Рисолати сулҳовар» баргузории озмун миёни оркестрҳои нафасии Вазоратҳои мудофиаи кишварҳои узви СҲШ дар Чин ба нақша гирифта шудааст, ки дар он 50 нафар намояндагони оркести нафасии Вазорати мудофиаи Тоҷикистон низ иштирок мекунанд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Дастаи “Регар-ТадАЗ” аввалин бор дар таърихи худ барандаи Суперҷоми Тоҷикистон шуд

Ин вохӯрии чорум байни дастаҳои “Истиқлол” ва “Регар-ТадАЗ” буда, дар се бозии аввал душанбегиҳо пирӯз шуда буданд.

Чин барои навсозии зерсохтҳои гузаргоҳи Қулма ба Тоҷикистон мутахассис мефиристад

Ҳамчунин, Чин барои хариди таҷҳизоти озмоишӣ ба Тоҷикистон беш аз 1,3 миллион грант медиҳад.

Сабоҳат Қосимова: “Танҳо инсони ҳунарвар дар саҳна ном ва нон меёбад”

Сабоҳат Қосимова, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон ва яке аз чеҳраҳои...

Дар Тоҷикистон HONOR 600-ро расман муаррифӣ карданд

Ин гӯшии ҳушманд бо имкониятҳои фавқулодаи худ барои насли нави эҷодкорон ва блогнависон таҳия шудааст.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 24 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Шералӣ Мирзо ва даргузашти Сабоҳат Қосимова то Рӯзи ҷаҳонии Морхӯр ва мамнӯъгоҳҳо.

Чолиш барои сарояндагон. Оё ҳуши маснуӣ ҷойи овозхонони воқеиро мегирад?

Машҳуртарин сарояндаи ҳушвораро кӣ офаридааст ва барои як суруд ӯ чанд рӯз талош мекунад?

Суҳбати телефонии Эмомалӣ Раҳмон бо Содир Ҷабборов

Дар ин суҳбат, тибқи иттилои расмӣ, “масъалаҳои рӯзмарраи робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Қирғизистон” баррасӣ шудаанд.