Ба қонуни ҶТ «Дар бораи милитсия» тағйирот ворид мешавад

Date:



Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои палатаи поёнии парлумон доир гардид.

Тавре ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Муҳаммадато Султонов хабар дод, дар ҷаласаи Шӯпро масоили ворид намудани тағйироту илова ба қонунҳои ҶТ «Дар бораи буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2014», «Дар бораи амнияти озуқаворӣ» ва «Дар бораи милисия» баррасӣ шуданд.

«Дар ҷаласаи Шӯрои ҳамчунин масоили марбут ба тасдиқи Созишномаи бурсӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки осиёгии рушд оид ба лоиҳаи «Ҳамкории иқтисодии минтақавии осиёимиёнагӣ оид ба такмили фаъолияти хадамоти марзбонӣ», Созишнома миёни Тоҷикистону Афғонистон дар бораи ҳавасмандсозӣ ва ҳифзи мутақобилаи сармоягузориҳо, Созишнома миёни Тоҷикистону Қазоқистон дар бораи аз ҳарду ҷониб ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони намояндагиҳои дипломатӣ, Созишнома миёни Тоҷикистон ва Аморати Муттаҳидаи Араб дар бораи аз ҳарду ҷониб ҷудо кардани қитъаи замин барои сохтмони намояндагиҳои дипломатӣ низ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд», – гуфт манбаъ.

Зимнан зикр гардид, ки дар ҷаласаи Шӯрои масъалаи сафарҳои хидматии вакилони палатаи поёнии парлумон ба шаҳру навоҳии кишвар ҷиҳати мулоқот бо интихобкунандагон, ки аз 15-уми сентябр то ахири ҳамин моҳ идома меёбанд, низ матраҳ гардид.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...