Шукурҷон Зуҳуров бо фаъолони ноҳияи Тоҷикобод мулоқот кард

Date:



Зимни сафари корӣ ба водии Рашт раиси палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров бо фаъолони ноҳияи Тоҷикобод мулоқот кард.

Котиби матбуотии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ Муҳаммадато Султонов тариқи телефон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дар вохӯрӣ роҳбарони корхонаву ташкилотҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва шахсони бонуфузу пирони кордидаи ноҳия ширкат варзиданд.

«Дар мулоқот ба масъалаҳои риояи қонуну тартибот, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ҷалби сармояи хусусӣ ба рушди иқтисод, саривақт пардохт шудани нафақаву кумакпулиҳо, тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд», – гуфт ӯ.

Зимнан зикр гардид, ки як рӯз қабл вохӯрии ба ин монанди Шукурҷон Зуҳуров дар ноҳияи Рашт баргузор шуда, имрӯз ӯ бо фаъолони ноҳияи Ҷиргатол мулоқот мекунад.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Тақдими мукофотпулии президент ба ғолибону ҷоизадорони мусобиқаҳои байнулмилалии варзишӣ

Мувофиқи амри президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Вазорати молияи...

Тағйироти кадрӣ дар Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ, Идораи зиндонҳо ва Оҷонсии зиддифасод

Имрӯз, 16-уми январ дар сохторҳои Вазорати дифоъ, Гвардияи миллӣ,...

Ним миллион ё як миллион? Дар Русия чӣ қадар муҳоҷири тоҷик кор мекунад?

То ҳол дақиқан маълум нест, ки чӣ қадар муҳоҷирони...