Таҳвили маҳсулоти нафтӣ ба Тоҷикистон 60% афзуд

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 375 млн. доллари ИМА наздики 440 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд. Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба кишвар аз рӯи ҳаҷм беш аз 60% ва аз рӯи арзиш тақрибан […]

Пайрав Чоршанбиев



Давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 375 млн. доллари ИМА наздики 440 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид карда шуд.

Бино ба маълумоти Агентии омори назди президенти ҶТ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ҳаҷми воридоти маҳсулоти нафтӣ ба кишвар аз рӯи ҳаҷм беш аз 60% ва аз рӯи арзиш тақрибан 30% афзудааст. Дар зарфи 9 моҳи соли 2013 ба Тоҷикистон ба маблағи 286 млн. доллари ИМА 273 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ таҳвил гардида буд.

Дар ҳамин ҳол, моҳи сентябри соли равон воридоти маҳсулоти нафтӣ ба ҷумҳурӣ дар ҳаҷми тақрибан 45 ҳазор тонна ба маблағи ҳудуди 41 млн. доллари ИМА амалӣ шудааст.

Ба Тоҷикистон асосан аз корхонаҳои коркарди нафти Русия маҳсулоти нафтӣ ворид гардида, ҳисааи онҳо дар ин бозор тақрибан 90% аз ҳаҷми умумиро ташкил медиҳад. Дар ҳаҷми начандон зиёд ба кишвар маҳсулоти нафтӣ ҳамчунин аз Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркманистон, Эрон, Қирғизистон ва боз даҳҳо дигар кишгварҳои ҷаҳон низ интиқол дода мешавад.

Ёдрас мекунем, ки аввали соли равон Русия ва Тоҷикистон оид ба таҳвили бидуни пардохти боҷи содиротии маҳсулоти нафтии Русия дар соли 2014 дар ҳаҷми 1 млн. тонна тавофуқ ҳосил карданд.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Аз 3,7 то 9,3 ҳазор сомонӣ. Арзиши насби таблиғ дар роҳҳои мошингард чанд аст?

Меъёри пардохт аз масоҳати таблиғ ва навъи роҳе, ки таблиғ ҷойгир карда мешавад, вобаста аст.

Арабистони Саудӣ дар мавсими Ҳаҷ – 2026 маҳдудиятҳои нав ҷорӣ кард

Касоне, ки талаботи ҷоришударо риоя намекунад, то 10 сол аз ин кишвар ихроҷ мешавад.

Эмомалӣ Раҳмон вориди шаҳри Остона шуд

Ӯ барои ширкат дар ду ҳамоиш ба Қазоқистон рафт.

Чӣ гуна ба хатмкунандаи мактаб дар интихоби касб метавон кумак кард?

Имрӯз ихтисосҳое, ки бо фанновариҳои иттилотӣ ва рақамӣ алоқаманданд, серталабот мебошанд.

Тақдими 100 ҳазор сомонӣ ба ҳар кадом аз ҷоизадори қаҳрамонии ҷудои Осиё

Онҳоро дар фурудгоҳи Душанбе ҳамчун қаҳрамон пешвоз гирифтанд.

Лоиҳаи “Зистан мехоҳам”: Беш аз 3,4 ҳазор зодаи Тоҷикистон дар артиши Русия алайҳи Украина меҷанганд

Як ниҳоди украинӣ гуфтааст, ки қариб 13 000 шаҳрванди давлатҳои Осиёи Марказӣ дар сафи артиши Русия дар Украина меҷанганд.