Оғози амалиёти муштараки Тоҷикистону Чин дар самти мубориза бо нашъаҷаллобӣ

– Аз 27-уми октябр то 21-уми ноябри соли равон Тоҷикистону Чин дар самти мубориза бо ҷинояткории фаромарзии марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир амалиёти муштарак баргузор мекунанд, – иттилоъ медиҳад хабаргузории чинии Синхуа. Маросими расмии оғози амалиёт рӯзи 27-уми октябр дар шаҳри Урумчӣ – маркази маъмурии вилояти Синтзян-Уйғур (минтақаи Шимолу Ғарби Чин) доир гардидааст. Ба […]

Аваз Юлдошев



– Аз 27-уми октябр то 21-уми ноябри соли равон Тоҷикистону Чин дар самти мубориза бо ҷинояткории фаромарзии марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддир амалиёти муштарак баргузор мекунанд, – иттилоъ медиҳад хабаргузории чинии Синхуа.

Маросими расмии оғози амалиёт рӯзи 27-уми октябр дар шаҳри Урумчӣ – маркази маъмурии вилояти Синтзян-Уйғур (минтақаи Шимолу Ғарби Чин) доир гардидааст.

Ба иттилои манбаъ, амалиёт бо таъсиси қароргоҳи танзими амалҳои муштараки идораи Кумитаи давлатии мубориза бо тиҷорати маводи мухаддири Чин ва Агентии назорати маводи нашъаовари назди президенти ҶТ сурат гирифта, дар ин давра ба фурудгоҳҳо ва гузаргоҳҳои марзӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир мегардад.

Гуфта мешавад, ҷонибҳо механизми табодули маълумот ва ҳамоҳангсозии амалҳоро низ роҳандозӣ мекунанд, «то ки як қатор парвандаҳои ҷинояткории фаромарзии марбут ба муомилоти ғайриқонунии маводи мухаддирро ошкор сохта, гурӯҳ ва шабакаҳои ҷинояткориро маҳв ва пешвоёни онҳоро безарар гардонанд».  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.