Прокурори генералӣ: Афви ҳар як нафар алоҳида баррасӣ мешавад

– Мувофиқи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи афв», ки имӯз аз ҷониби палатаи поёнии парлумон маъқул шуморида шуд, қарор дар бораи афви ҳар як маҳкумшуда ва судшавандаро мақомоти дахлдор ҷудогона баррасӣ мекунанд, – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода. Ӯ таъкид дошт, ки то замони мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур, ки […]

Аваз Юлдошев



– Мувофиқи талаботи Қонуни ҶТ «Дар бораи афв», ки имӯз аз ҷониби палатаи поёнии парлумон маъқул шуморида шуд, қарор дар бораи афви ҳар як маҳкумшуда ва судшавандаро мақомоти дахлдор ҷудогона баррасӣ мекунанд, – изҳор дошт ба «Азия-Плюс» прокурори генералии ҷумҳурӣ Шерхон Салимзода.

Ӯ таъкид дошт, ки то замони мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур, ки аз ҷониби президент ба муносибати 20-солагии қабули Конститутсияи Тоҷикистон пешниҳод гардид, моддаҳои ҷудогонаи онро шарҳ доданӣ нест.

Дар посух ба савол дар бораи афви бархе аз шахсон, ки ҷиноят содир намудаанд, ба гунаи мисол ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирӯз Холиқзода, ки санаи 29-уми сентябр бо автомашинааш Зевармо Пироваи 54-соларо пахш намуда, боиси ҳалокати ӯ гардид, прокурори генералӣ бори дигар такрор кард: «Ҳар як масъалаи афв алоҳида баррасӣ карда мешавад».

Ёдрас мекунем, ки санаи 29-уми сентябри соли равон дар назди меҳмонхонаи «Ҳаят Реҷенсӣ» корманди раёсати истифодабарии роҳҳои ноҳияи Синои пойтахт Зевармо Пироваи 54-сола

бар асари зери чархи автомашинаи

ёвари прокурори ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт Фирӯз Холиқзода мондан ба ҳалокат расид.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.