Ихроҷи 7 муҳоҷири тоҷик аз Русия барои талаби маош

Дар шаҳри Химкии Русия нисбати 7 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар як муноқиша иштирок доштаанд, барои риоя накардани тартиботи будубош, бобати ихроҷи маъмурӣ аз қаламрави ин кишвар қарор содир шудааст. Котиби матбуотии намояндагии хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мушкилот бар асари қарздории ширкати таҳиягари лавҳаҳо […]

Аваз Юлдошев



Дар шаҳри Химкии Русия нисбати 7 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар як муноқиша иштирок доштаанд, барои риоя накардани тартиботи будубош, бобати ихроҷи маъмурӣ аз қаламрави ин кишвар қарор содир шудааст.

Котиби матбуотии намояндагии хадамоти муҳоҷирати ҶТ дар Русия Иброҳим Аҳмадов ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки мушкилот бар асари қарздории ширкати таҳиягари лавҳаҳо ва панҷараҳои рекламавии «Рекстрой» ба муҳоҷирон рӯйи кор омадааст.

«Ба қавли Рустам Олтубоев, яке аз муҳоҷирон аз шаҳри Сарбанди вилояти Хатлон, ин ширкат аз моҳи ноябри соли гузашта аз пардохти музди меҳнат даст кашида, то имрӯз ба онҳо беш аз 4 млн. рубл қарздор шудааст», – иброз дошт ӯ.

Ба қавли Аҳмадов, вақте ин дафъа коргарон ба баровардани маҳсулоти тайёр аз корхона монеъ шуда, пардохти музди меҳнатро талаб мекунанд, раҳбарияти корхона як гурӯҳ ҷавононро даъват мекунад, ки онҳо бо лаҳни на он қадр боадабона дахолат накардан ба кори раҳбариятро талаб мекунанд.

«Дар натиҷа муноқиша сар зада, ҳеҷ кадоме аз шаҳрвандони Тоҷикистон осеб надидааст. Бо мақсади ноил гардидан ба пардохти музди меҳнати муҳоҷирон намояндагӣ аз тамоми тадбирҳои зарурӣ кор гирифта, бо шаҳрвандони Тоҷикистон мудом дар тамос аст», – таъкид дошт котиби матбуоти намояндагӣ.

Зимнан зикр гардид, ки ҳангоми мулоқоти кормнадони намояндагӣ бо муовини сардори шуъбаи пулиси ин маҳал ӯ изҳор доштааст, ки аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба масъалаи мазкур тадбирҳо пеш гирифта шуда, баъди омӯзиши дақиқи тамоми ҳолатҳои қазия, дар доираи қонунгузории амалкунанда чораҳои дахлдор андешида хоҳад шуд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.