Низомиёни фаронсавии ҳайати НАТО фурудгоҳи Душанберо тарк карданд

Ҳайати низомиёни Фаронса бо шумори 170 нафар сарбозону афсарон, ки тайи 12 соли ахир дар қаламрави Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) мустақар буданд, пойтахти Тоҷикистонр тарк карданд. Котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев ба «Азия-Плюс» ин маълумотро тасдиқ намуда, зикр кард, ки қаблан тамоми техникаи мавҷуда ва таҷҳизоти мутааллиқ ба низомиёни фаронсавӣ низ аз қаламрави фурудгоҳ бароварда […]

Аваз Юлдошев



Ҳайати низомиёни Фаронса бо шумори 170 нафар сарбозону афсарон, ки тайи 12 соли ахир дар қаламрави Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) мустақар буданд, пойтахти Тоҷикистонр тарк карданд.

Котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев ба «Азия-Плюс» ин маълумотро тасдиқ намуда, зикр кард, ки қаблан тамоми техникаи мавҷуда ва таҷҳизоти мутааллиқ ба низомиёни фаронсавӣ низ аз қаламрави фурудгоҳ бароварда шуданд.

Хизматчиёни ҳарбии Фаронса ба сифати воҳиди ёрирасон дар ҳайати нерӯҳои низомии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО), ки аз моҳи сентябри соли 2001 дар Афғонистон амал мекарданд, дар фурудгоҳ мустақар шуда буданд.

Зимнан зикр гардид, ки дар маросими поин овардани парчами Фаронса дар фурудгоҳи пойтахт намояндагони Тоҷикистон ҳузур доштанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.