Боздошти пешвои ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» дар Маскав

Дар дафтари кории Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» дар шаҳри Маскав ва ҳамчунин манзили зист ва бӯстонсарои раиси ин ҳаракат Каромат Шарипов рӯзи 29-уми октябр кофтуков гузаронида шуд. Дар торнамои расмии ҳаракат дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки сабаби бозҷӯӣ рӯйдодҳои фоҷеабори рухдода рӯзи 6-уми сентябри соли равон дар бозори «Садовод» аст, ки […]

ASIA-Plus



Дар дафтари кории Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» дар шаҳри Маскав ва ҳамчунин манзили зист ва бӯстонсарои раиси ин ҳаракат Каромат Шарипов рӯзи 29-уми октябр кофтуков гузаронида шуд.

Дар торнамои расмии ҳаракат дар ин робита иттилоъ дода мешавад, ки сабаби бозҷӯӣ

рӯйдодҳои фоҷеабори рухдода

рӯзи 6-уми сентябри соли равон дар бозори «Садовод» аст, ки аз рӯйи ин далел парвандаи ҷиноятӣ боз шудааст.

Дар роҳандозии ин рӯйдодҳои фоҷеабор дар бозори «Садовод» роҳбари ҳаракат, ҳомии ҳуқуқ Каромат Шариповро гумонбар дониста, ӯ мутобиқи моддаи 179, қ. 1-и Кодекси ҷиноии Русия (маҷбур кардан ба муомилот (амал) айбдор карда мешавад.

Мафҳуми «муомилот» гӯё аз ҷониби К.Шарипов маҷбуран бо маблағи пулӣ ҷалб кардани муҳоҷирон ба амалҳои марбут ба ҳимояи ҳуқуқашон маънидод мешавад.

Дар иттилоъ таъкид мегардад, ки айни замон дар бозори «Садовод» беш аз 6 ҳазор нафар муҳоҷирон машғули кор буда, ҳамватанон ба К.Шарипов телефонӣ дар тамос мешаванд ва аз ӯ кумак мепурсанд.

Гуфта мешавад, кофтуков натанҳо дар дафтари корӣ, балки дар манзили зисти Каромат Шарипов ва бӯстонсарои ӯ низ гузаронида шуда, бозҷӯӣ тибқи маълумоти онҳо, бо айбдорӣ ба ифротгароӣ (экстремизм) сурат гирифтааст.

Ҳаракати «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» ба ин амал эътироз оварда, бовар доранд, ки чорабиниҳои аз ҷониби мақомоти тафтишот ҷараёндошта дар робита ба рӯйдодҳо дар бозори «Садовод» ва тарзи баргузории онҳо гувоҳи онанд, ки К.Шарипов дар роҳи дуруст қарор дорад.

Иштирокчиёни Ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик» тасмим гирифтанд, ки бо нома ба президенти Русия муроҷиат намуда, ҳамчунин бо иштироки намояндагони созмонҳои ҷамъиятии ҳомии ҳуқуқ, рӯзноманигорони тоҷик ва хориҷӣ оид ба рӯйдодҳо дар бозори «Садовод» нишасти хабарӣ баргузор мекунанд.

Зимнан зикр мегардад, ки айни замон пешвои ҳаракат Каромат Шарипов дар кумитаи тафтишоти пулис, воқеъ дар кӯчаи Сормови ноҳияи Вихино қарор дорад.

Қобили зикр аст, ки пас аз рӯйдодҳои фоҷеабор дар бозори «Садовод»-и шаҳри Маскав як гурӯҳи муҳоҷирони тоҷики машғули кор дар ин бозор зикр карданд, ки дар муноқишаву занозании рухдода миёни таксиронҳо роҳбари ҳаракати ҷамъиятии умумирусиягии «Муҳоҷирони меҳнатии тоҷик»

Каромат Шариповро гунаҳкор медонанд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.