Марзҳои Қирғизистонро аҳолии мусаллаҳ ҳимоя мекунад

Дар Қирғизистон ҷиҳати ҷалби сокинони маҳаллӣ ба ҳимояти марзҳо тибқи қонунгузорӣ иҷозат дода шуд. Дар ин бора хабаргузории vesti.kg иттилоъ медиҳад. Дар хабар зикр мегардад, ки ҳанӯз 9-уми октябр вакилони парлумони Қирғизистон лоиҳаи қонун «Дар бораи ваколатдорон дар марз»-ро маъқул шуморида буданд. Дар санади қабулшуда гуфта мешавад, ба вазифаи ваколатдор дар марз бо пардохти маблағи […]

ASIA-Plus



Дар Қирғизистон ҷиҳати ҷалби сокинони маҳаллӣ ба ҳимояти марзҳо тибқи қонунгузорӣ иҷозат дода шуд. Дар ин бора хабаргузории


vesti.kg


иттилоъ медиҳад.

Дар хабар зикр мегардад, ки ҳанӯз 9-уми октябр вакилони парлумони Қирғизистон лоиҳаи қонун «Дар бораи ваколатдорон дар марз»-ро маъқул шуморида буданд.

Дар санади қабулшуда гуфта мешавад, ба вазифаи ваколатдор дар марз бо пардохти маблағи пулӣ барои ҳимояти марзи давлатӣ, сокинони маҳаллаҳои аҳолинишини наздимарзӣ ҷалб шуда, онҳо ҳеҷ унвонеро соҳиб намешаванд ва таъминоти ин ваколатдорон бо музди меҳнат ва дигар эҳтиёҷот аз ҳисоби буҷети Хадамоти давлатии марзбонӣ сурат мегирад.

Таъкид мешавад, ки шахсоне, ки шаҳрванди Қирғизистон нестанд, аз хизмати ҳатмии ҳарбӣ ё алтернативӣ нагузаштаанд, доғи судӣ доранд, ба талаботи тахассусӣ ҷавобгӯ нестанд ва дар минтақаҳои наздимарзӣ доимо ба фаъолияти хоҷагидорӣ машғул нестанд, ваколатдор дар марз таъин шуда наметавонанд.

Қобили зикр аст, ки ҳанӯз соли 2011 зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Қадамҷойи вилояти Ботканд собиқ президенти Қирғизистон Роза Отунбоева дастур дода буд, ки ба посбонии марзҳои давлатии кишвар аҳолии маҳаллӣ ҷалб карда шавад.

Муноқишаҳо миёни сокинони минтақаҳои наздимарзӣ ва марзбонони Тоҷикистону Қирғизистон солҳои пеш ҳам ба вуқӯъ мепайвастанд, вале баъди

муноқишаи рӯзи 11-уми январи соли равон

миёни сарҳадбонони ҳарду кишвар чунин ҳодисаҳо зиёд шуданд. Аз оғози соли ҷорӣ чандин муноқишаҳо рух дод, ки баъзан талафоти ҷонӣ ҳам дар пай дошт.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.