Касри буҷети давлатиро аз ҳисоби қарзҳо пурра карданианд

Зимни суханронӣ дар маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки касри буҷети соли оянда аз ҳисоби ҷалби маблағҳои қарзии имтиёзнок ва даромад аз ҳисоби хусусигардонии амволи давлатӣ пурра карда мешавад. Ӯ қайд кард, ки касри буҷет дар соли оянда ба 0,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар гардида, ҳаҷми он 264,1 миллион […]

ASIA-Plus



Зимни суханронӣ дар маҷлиси навбатии ҳукумати Тоҷикистон президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон изҳор намуд, ки касри буҷети соли оянда аз ҳисоби ҷалби маблағҳои қарзии имтиёзнок ва даромад аз ҳисоби хусусигардонии амволи давлатӣ пурра карда мешавад.

Ӯ қайд кард, ки касри буҷет дар соли оянда ба 0,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар гардида, ҳаҷми он 264,1 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки ин нисбат ба соли ҷорӣ 22 миллион сомонӣ зиёд мебошад.

Сарвари давлат таъкид дошт, ки ҳаҷми умумии даромади буҷети давлатӣ дар соли 2015 ба маблағи 15 миллиарду 278 миллион сомонӣ (тақрибан 3 млрд. $) муайян карда шуда, афзоиши он нисбат ба соли ҷорӣ 1 миллиарду 377 миллион сомонӣ ё 10 фоизро бояд ташкил намояд.

«Хароҷоти буҷети давлатӣ аз рӯи ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ бо афзоиши 1 миллиарду 400 миллион сомонӣ ё 10 фоиз зиёд пешбинӣ мегардад», – қайд кард ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон изҳор кард, ки бо дарназардошти вазъи мураккаби имрӯзаи иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва эҳтимолияти таъсири омилҳои берунӣ ба иқтисодиёти кишвар зарурати идоракунии самараноки захираҳои молиявии давлатӣ ва мутобиқгардонии хароҷот ба миён меояд.

«Бинобар ин, ҳамаи вазорату идораҳо, ташкилоту корхонаҳо, сарфи назар аз шакли фаъолияташон, вазифадоранд, ки рушди бемайлони соҳаҳои иқтисодиёт, аз ҷумла саноат, энергетика, кишоварзӣ, ҷалби сармоягузории мустақими дохилӣ ва хориҷиро суръат бахшида, доир ба истифодаи ҳарчи бештари иқтидорҳои мавҷуда, ташкили корхонаҳои нав бо технологияҳои муосир, истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазири содиротӣ ва дар ин асос зиёд намудани ҷойҳои нави корӣ, инчунин иҷрои уҳдадориҳо дар назди буҷети давлатӣ чораҳои таъхирнопазир андешанд», – таъкид дошт президент.

Ёдрас мекунем, ки андозаи ҳадди ниҳоии касри Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2014 ба 0,5 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар ҳаҷми 242,1 млн. сомонӣ тасдиқ шуда буд.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Гузориш аз оромгоҳи Имом Бухорӣ – муҳаддис ва муаллифи китоби “Саҳеҳи Бухорӣ”

Китоби ин донишманди маъруф дар олами Ислом пас аз Қуръон аз мӯътабартаринҳо дониста мешавад.

Боздошти марде дар Хатлон бо гумони таҷовуз ва қатли як ноболиғи даҳсола

ВКД мегӯяд, ин мард ҳангоми аз мактаб баргаштани ноболиғ ӯро “дар ҷойи беодам” таҷовуз ва пасон бӯғӣ кардааст.

Равуои мошинҳои гаронвазн дар роҳҳо маҳдуд мегардад. Дар кадом роҳҳо ва то чӣ қадар вазн иҷоза дода намешавад?

Вазорати нақлиёт мегӯяд, ин иқдом бо мақсади пешгирии вайроншавии роҳҳо роҳандозӣ мешавад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 82

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Тими миллии наврасони Тоҷикистон Ҷоми Осиёро бо пирӯзӣ оғоз кард

Ва ҷиҳати роҳ ёфтан ба марҳилаи дигар қадами аввал гузошт.

Муовини сарвазири Тоҷикистон дар ҷаласаи солонаи БОР дар Самарқанд чӣ гуфт?

Ҳоким Холиқзода гуфт, “Роғун” ба унсури калидии шарикии нави Тоҷикистон ва БОР табдил меёбад

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Мунаввар Шоҳгадоев ва Дилшод Назаров то қатли Минҳоҷ Ғуломов

Сокинони деҳае дар Суғд мегӯянд, “паноҳҷӯёни афғонистонӣ аз маҳалла ғайб задаанд”

Гузориш аз макони будубоши муҳоҷирони афғонистонӣ дар ноҳияи Ҷаббор Расулов пас аз боздошти як шаҳрванди Афғонистон бо иттиҳоми куштори як зан.

Танишҳо атрофи тангаи Ҳурмуз. Аз таҳдиди Трамп то ҳамла ба Имороту ҳушдори Сипоҳи посдорони Эрон ба нафткашҳои бандмонда

Вазъ дар ин оброҳа замоне печида шуд, ки Доналд Тармп гуфт, барои раҳо кардани киштиҳои бандмонда кӯмак мекунад.